расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 4 ҲАВОПАЙМО НОБУД КАРДУ ШУД: САНГИНТАРИН ҲАМЛА БА РУСИЯ АЗ ОҒОЗИ ҶАНГАШ БО УКРАИНА

Асосӣ / Ҷаҳон

4 ҲАВОПАЙМО НОБУД КАРДУ ШУД: САНГИНТАРИН ҲАМЛА БА РУСИЯ АЗ ОҒОЗИ ҶАНГАШ БО УКРАИНА

4 ҲАВОПАЙМО НОБУД КАРДУ ШУД: САНГИНТАРИН ҲАМЛА БА РУСИЯ АЗ ОҒОЗИ ҶАНГАШ БО УКРАИНА 
Русия шаби 30 августи соли 2023 ба сангинтарин ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин тайи якунмим соли ҷангаш ба зидди Украина дучор шуд.  Мақомоти 6 минтақаи Русия ва шаҳри ишғолшудаи Севастопол аз ҳамлаҳои дронҳо хабар доданд. Ҳамлаи аз ҳама сангинро шаҳри Псков, макони будубоши чандин қисми ҳарбии артиши Русия дучор шуд. Шаби гузашта дар Псков фурудгоҳе, ки дар он ҳам ҳавопаймоҳои мулкӣ ва ҳам ҳавопаймоҳои ҳарбӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳадафи ҳамла қарор гирифт. 
Нашрияи “Псковсая губерния”  дар бораи ҳамлаи дастикам 10 дрон хабар дод. Дар аксу  видеоҳои нашршуда дида мешуд, ки аз дохили фурудгоҳ алангаи дуду оташ ба осмон баланд мешавад. Хабаргузории ТАСС гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи шабона дар фурудгоҳи Псков 4 ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии тамғаи Ил-76 осеб дидаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия низ осеб дидани ҳавопаймоҳоро тасдиқ кард, вале шумораашонро нагуфт. Андрей Усов, намояндаи идораи ҷосусии Украина гуфт, ба маълумоти онҳо, 4 ҳавопаймои Ил-76 аз байн бурда шуда, чанд ҳавопаймои дигар осеб дидаанд.
Ҳамла ба Псков зоҳиран бузургтарин ҳамла ба пойгоҳҳои ҳавоии артиши Русия дар ақибгоҳ ба шумор меравад. Гуфтанист, ки Псков аз Украина тақрибан 800 километр дур аст ва барои расидан ба он дронҳо аз Украина бояд қаламрави Беларусро низ убур кунанд.
Ҳарчанд мақомоти Русия дар пайи ҳамлаҳои дронҳо ҳамешаа Украинаро айбдор мекунанд, вале Киев  то ба ҳол ягон бор масъулияти ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба дохили қаламрави Русияро ба дӯш нагирифтааст ва ин хабарҳоро маъмулан шарҳ намедиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.