расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУХОЛИФАТИ КРЕМЛ БА ПЕШБАРИ НОМЗАДҲОИ ҶАВОНТАР ДАР МУҚОБИЛИ ПУТИНИ СОЛХӮРДА

Асосӣ / Ҷаҳон

МУХОЛИФАТИ КРЕМЛ БА ПЕШБАРИ НОМЗАДҲОИ ҶАВОНТАР ДАР МУҚОБИЛИ ПУТИНИ СОЛХӮРДА

МУХОЛИФАТИ КРЕМЛ БА ПЕШБАРИ НОМЗАДҲОИ ҶАВОНТАР ДАР МУҚОБИЛИ ПУТИНИ СОЛХӮРДА 
Пойгоҳи хабарии “Медуза” бо такя ба манобеаш менависад, шӯъбаи сиёсии маъмурияти президенти Русия барои роҳ додани номзадҳо ба интихоботи қарибулвуқуи президентии ин кишвар маҳдудиятҳоеро ҷорӣ кардааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати ин расона, дар интихоботи президентии Русия, ки соли 2024 баргузор мегардад, шарти аввал барои номзадҳое, ки ба курсии президентӣ бо Путин вориди “рақобат" мешаванд, ин синну сол аст. Путин моҳи октябр ба синни 71 мерасад ва тавре ба назар мерасад, масъалаи синну соли ӯ  ба як “дарди сар” барои Кремл табдил ёфтааст.
 "Номзадҳо бояд на камтар аз 50 сол син дошта бошанд. Зеро дар сурати ба интихобот роҳ ёфтани номзадҳои ҷавонтар аҳолӣ дарк мекунад, ки Путин дигар на он Путини қаблист, ки  дар вақташ бо як шӯру шар ба сари қудрати сиёсӣ омада буд, ӯ алакай як мӯйсафеди солхӯрда асту тавоноии идораи кишварро надорад",  - афзудааст ин мансабдори рус.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.