расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РОҲИ ДУШАНБЕ – ЛАХШ БАРОИ РАВУОИ НАҚЛИЁТ БАРҚАРОР КАРДА ШУД

Асосӣ / Ҷомеа

РОҲИ ДУШАНБЕ – ЛАХШ БАРОИ РАВУОИ НАҚЛИЁТ БАРҚАРОР КАРДА ШУД

РОҲИ ДУШАНБЕ – ЛАХШ БАРОИ РАВУОИ НАҚЛИЁТ БАРҚАРОР КАРДА ШУД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 25 августи соли 2023 хабар дод, ки  роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш дубора барои ҳаракати ҳама навъҳои нақлиёт боз шудааст. Ин роҳи муҳим аз 23 август ба далели фурӯ рехтани сел дар километри 250-ум баста буд.
Тавре қаблан хабар додем, нимаи дуюми рӯзи 23 августи соли 2023 тахминан соати 15:40, дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш дар қаламрави ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол), дар наздикии мавзеи Арчакаппа бар асари болоравии ҳарорати ҳаво  пиряхи “Баралмос” об шуд ва дар натиҷа, оби шорида аз ин пирях ба сел табдил шуда, ҷараёни оби дарёи Сурхобро муддати як соати пурра баст.  Сел ҳамчунин 400 метр роҳи мошингардро шуста, 3 симчӯби интиқоли барқ ва 150 метр кабели барқ ба қувваи 10 кВтро хароб кард ва роҳро барои равуои нақлиёт масдуд кард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, барои бартараф намудани паёмадҳои ин офати табиӣ ва барқарор кардани қисматҳои харобшудаи роҳ аз ҷониби хадамоти нигоҳубини роҳҳои ноҳияи Лахш се техникаи муҳандисӣ сафарбар карда шуд ва рӯзи 24 августи соли 2023, соати 14:25 роҳ тоза карда шуда, равуои тамоми навъҳои нақлиёт барққарор карда шуд.
Дар як моҳи охир роҳи асосии ноҳияи Лахш, воқеъ дар шарқи Тоҷикстон, дар марзи водии Рашт бо Қирғизистон ба иллати фурӯ рехтани селҳо алакай дастикам бори сеюм баста мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.