расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Рустами Эмомалӣ бо шаҳрдори Пекин мулоқот кард

Асосӣ / Ҷомеа

Рустами Эмомалӣ бо шаҳрдори Пекин мулоқот кард

Рустами Эмомалӣ бо шаҳрдори Пекин мулоқот кард
Имрӯз, 21-уми август дар доираи сафари расмӣ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шаҳрдори Пекин Ин Юн мулоқот кард.  Дар ин бора дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо таъкид намудаанд, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, ки ҷавобгӯи ҳадаф ва принсипҳои шарикии стратегӣ мебошад, таваҷҷуҳи доимӣ дода мешавад.
Гуфта мешаавад Рустами Эмомалӣ ва Ин Юн оид ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои истеҳсолӣ ва рушди сайёҳӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин, изҳори боварӣ карда шудааст, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо шаҳри Пекин барои густариш ёфтани муносибатҳои мутақобилаи байни пойтахтҳо, тавсеа ва таҳкими робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ такони тоза мебахшад.
Дар ҳошияи мулоқоти Рустами Эмомалӣ ва Ин Юн байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Пекин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.