расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВИДЕОИ БАЧАБОЗИИ МАНСАБДОРИ “ТОЛИБОН” ҲАНГОМАИ ЗИЁДЕРО БА ПО КАРД

Асосӣ / Ҷаҳон

ВИДЕОИ БАЧАБОЗИИ МАНСАБДОРИ “ТОЛИБОН” ҲАНГОМАИ ЗИЁДЕРО БА ПО КАРД

ВИДЕОИ БАЧАБОЗИИ МАНСАБДОРИ “ТОЛИБОН” ҲАНГОМАИ ЗИЁДЕРО БА ПО КАРД 
Пойгоҳи иттилоотии "Afghanistan International" (“Афғонистон Интернешнал”) рӯзи 18 августи соли 2023 дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои лавота, ё ба истилоҳи дигар,  бачабозии як мансабдори режими "Толибон"-ро нашр кард, ки сару садои зиёдеро ба по карда, баҳсҳои тундеро дар мавриди  то куҷо " исломӣ" будани ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ба бор овардааст. 
“Афғонистон Интернешнал” менависад, ки дар ин видео лаҳзаи ҳамхоба шудани Муллоаҳмад Охунд, раиси раёсати барқи ҳукумати "Толибон" дар шаҳри Кобул бо як ҷавонписар сабт шудааст.  Гуфта мешавад, ин ҷавон муҳофизи худи ин мансабдори “Толибон” будааст. Дар сабт, ки зоҳиран бо видеокамераи аз қабл насбшуда сабт шудааст, ҳуҷрае бо як рахти хоби дукаса, ки дар рӯи фарш густарда шудааст, дида мешавад. Сипас Муллоаҳмад Охундро мебинем, ки либосҳояшро мекашад ва зери бистар медарояд. Билофосила баъди ӯ он ҷавон низ либосашро кашида, зери бистар ба оғӯши мансабдори “Толибон” медарояд.
Манобеи огоҳ аз ин қазия ба ин расона гуфтаанд, ки Муллоаҳмад Охунд аз шахсони пурнуфузи гурӯҳи "Толибон" буда, қаблан ҳам дар бораи бо дигар аъзои ҷавонтари ин гурӯҳ ҳамхобагӣ карданаш сарусадоҳо ба гӯш мерасид. Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки  Муллоаҳмад Охунд тоза рӯзи 7-уми август бо фармони сарвазири ҳукумати "Толибон" ба мансаби баланд ва “равғанӣ”–и  раиси ширкати барқи Кобул (“Брешно”) таъйин шуд. 
Аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи ин видеои интишоршуда бо киноя режими сохтаи Толибонро  "ҳукумати сад дар сад "исломӣ" ", "Аморати лавота" ва аъзои "Толибон"-ро "бозмондагони қави Лут" хондаанд. Корбаре бо тамасхур навиштааст, ки "инҳо ҳамонҳоеянд, ки мехоҳанд ба Афғонистон ва ҷаҳон "Ислом"-ро баргардонанд?" Якеи дигар суол кардааст, ки "магар ин аст "исломи ҳақиқӣ"-е, ки "Толибон" мехоҳад ба мо мусалмонон таҳмил кунанд?".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.