расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » CОКИНИ РӮДАКИРО ДАР ҶАНУБИ ПОЙТАХТ БО САБАБИ НОМАЪЛУМ ЗАДА-ЗАДА КУШТААНД

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

CОКИНИ РӮДАКИРО ДАР ҶАНУБИ ПОЙТАХТ БО САБАБИ НОМАЪЛУМ ЗАДА-ЗАДА КУШТААНД

CОКИНИ РӮДАКИРО ДАР ҶАНУБИ ПОЙТАХТ БО САБАБИ НОМАЪЛУМ ЗАДА-ЗАДА КУШТААНД
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳодисаи одамкушӣ хабар дод. Бино ба иттилои расмӣ, марди 38-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ки пеш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир бар асоси моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия зиндонӣ шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Худи дастгиршуда ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, “номбурда субҳи барвақти 14-уми августи соли 2023, тахминан соати 05:00, ҳангоми дар кӯчаи 1-уми Майи пойтахт қарор доштанаш бе ягон асос бо марди 59-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муноқиша намуда, дашномҳои қабеҳ дода, ӯро лату кӯб намудааст.Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнин ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, баъдан ба ҳалокат расидааст”. Кӯчаи 1-уми Май дар канораҳои ҷанубии пойтахти Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, дар паҳлуи кӯчаи Яккатут, дар наздикии дарёи Душанбе, масҷиди Яккатут ва маркази савдои “Шаҳриёр 2” дар собиқ маҳаллаи “Южний” ҷойгир шудааст. 
Тафсилоти дигари моҷаро ва сабаби муноқишаи сокини Варзоб бо сокини солманди ноҳияи Рӯдакӣ гуфта нашудааст. ВКД танҳо гуфт, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Бар асоси моддаи 110, қисми 3, банди “в” ба сокини Варзоб барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидааст, ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бино ба омори расмии ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 ҳолати куштор ё сӯиқасд ба одамкушӣ ва ҳамчунин қасдан 54 мавриди расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.