расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ОҲУ САД ОҲ, КИ ФАЙЗУЛЛОҲ РАФТ... ДАРГУЗАШТИ КОРМАНДИ БЕМОРХОНАИ №2 ФАЙЗУЛЛОҲ ҶАББОРОВ

Ҷомеа / Ҳаводис

ОҲУ САД ОҲ, КИ ФАЙЗУЛЛОҲ РАФТ... ДАРГУЗАШТИ КОРМАНДИ БЕМОРХОНАИ №2 ФАЙЗУЛЛОҲ ҶАББОРОВ

Оҳу сад оҳ, ки Файзуллоҳ рафт,
Шахси пурдону дили огоҳ рафт.
Роҳҷӯе нарасид то охир,
Тири марг омаду ӯ аз роҳ рафт.
Кормандони беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 2 бо нашри як марсияи пурсӯз аз вафоти ногаҳонии ҳамкорашон Файзуллоҳ Ҷабборов изҳори андуҳ ва ба бозмондагони ӯ ҳамдардии амиқи хешро баён кардаанд. «Ҷоят ҷаннат бод, дӯст, ҳамкор ва рафиқи муътабари мо. Ёдат ба хайр!», - навиштаанд ҳамкорони марҳум. Дар бораи иллати марги марги Файзуллоҳ Ҷабборов чизе гуфта нашудааст, вале дар марсия навиштаанд, ки:
Шасти ӯ н-омада дар шаст афтод,
Косаи умри вай аз даст афтод...
Oraz Nurulloev
ОҲУ САД ОҲ, КИ ФАЙЗУЛЛОҲ РАФТ...
Оҳу сад оҳ, ки Файзуллоҳ рафт,
Шахси пурдону дили огоҳ рафт.
Роҳҷӯе нарасид то охир,
Тири марг омаду ӯ аз роҳ рафт.
Дида дар ҳасрати ӯ пурнам шуд,
Сина дар мотами ӯ пурғам шуд.
Данғара аз аламаш мегиряд,
Ҳама ҷо кулбаи пурмотам шуд.
Шасти ӯ н-омада дар шаст афтод,
Косаи умри вай аз даст афтод.
Ахтаре буд, ҷаҳон меорост,
Во дареғо, ба чаҳи паст афтод.
Дар лаҳад лутфи Худо ёраш бод,
Амали нек мададгораш бод.
Ҳамнишинаш ҳама ҳурони биҳишт,
Боғи Фирдавс сазовораш бод.
Мо кормандони беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 2 аз вафоти ногаҳонии ҳамкорамон Файзуллоҳ Ҷабборов хеле ғамгинем ва ба бозмондагони ӯ ҳамдардии амиқи хешро баён менамоем.
Ҷоят ҷаннат бод, дӯст, ҳамкор ва рафиқи муътабари мо. Ёдат ба хайр.
 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.