расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эълони сабаби фоҷиаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат

Асосӣ / Ҷомеа

Эълони сабаби фоҷиаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат

Мошини гаронвазни боркаш бо суръати баланд дар шаҳри Кӯлоб воситаҳои нақлиёт ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро зер карда, зарари ҷонию молӣ расондаст

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазирони ҳукуматро ба макони садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб сафарбар намудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, фоҷиа дар Кӯлоб шоми 6 август рух дод.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки мошини боркаши "Дулан" бо ядак, ки мутааллиқ ба ширкати "Кафолат Воридоту Содирот" будаст, дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ" дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб чандин воситаи нақлиёту хонаҳоро зер кардаст.
Сабаби фоҷиа аз кор баромадани маҷмӯи боздорӣ - тормози воситаи нақлиёт гуфта мешавад, ки дар натиҷа ронанда аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, дар баробари зер кардани мошинҳо инчунин вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашта, дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.
ВУД теъдоди дақиқи қурбониёну маҷруҳонро нагуфтааст, аммо манобеи маҳаллӣ мегӯянд, эҳтимол то 10 нафар ба ҳалокат расида бошанд.
Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ба иттилои ВУД, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони баландпояи ҳукумат, аз ҷумла вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси КҲФ, роҳбари Хатлон ва дигар масъулинро ба ҷои ҳодиса сафарбар намудаст.

sputnik.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.