расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Кумитаи дин гузоришҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи исмоилиён дар Тоҷикистонро беасос хонд

Асосӣ / Дин

Кумитаи дин гузоришҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи исмоилиён дар Тоҷикистонро беасос хонд

Дар Тоҷикистон ҳама пайравони дину мазоҳиб назди қонун баробар буда, то кунун касе аз нақзи ҳуқуқ хотири эътиқоди динияш шикоят накардааст

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гузориши Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои диниро, ки гӯё дар ҷумҳурӣ нақз мешавад, беасос хонд.
Сулаймон Давлатзода дар посух ба хабару гузоришҳо, ки гӯё ҳуқуқи пайравони равияи Исмоилия дар Тоҷикистон нақз мешавад, гуфт, ки чунин нест ва ҷонибдорони ҳама дину мазоҳиб дар ҷумҳурӣ назди қонун баробаранд.
Ӯ гуфт, ки ҳуқуқи ягон тан аз пайравони ин равия дар кишвар нақз нашудааст ва касе дар ин хусус шикояте ҳам накардааст.
“Шумо худ шоҳиди ин он ҳолат будед, ки ба хотири пайрави ин ё он мазҳаб аз ҷумла Исмоилия буданаш ҳуқуқаш нақз шудааст? Ба ман ягон нафар муроҷиат накардааст, ки маҳз ба хотири пайравӣ ба ин ё он мазҳаб ҳуқуқаш нақз шуда бошад”,- гуфт раиси Кумита.
Вай ҳамзамон таъкид кард, ки ҳар касе ба ин шак дорад, метавонад бегоҳ ба Мркази исмоилия биравад ва бубинад ва ё бипурсад.
Номбурда афзуд, то ҳол ёд надорад, чӣ насрониӣ бошаду чӣ яҳудиву чӣ пайравони дигар дину мазоҳиб, ки аз чунин ҳолат ба Кумитаи дин шикояте карда бошад.
Ӯ ҳамзамон ба гузоришҳо дар мавриди он, ки гӯё барои сабти калисои протестантӣ дар ҷумҳурӣ ҷавоби рад додаанд, посух доду онро бепоя хонд.
Давлатзода изҳор дошт, ки аз ҷониби пайравони равияи протестантӣ барои сабти номи калисо дар Тоҷикистон тайи ду соли ахир ягон муроҷиате дарёфт накардаанд.
"Агар пайравони ин равия муроҷиат кунанд, дар доираи қонун барояшон посухи хаттӣ дода мешавад",- афзуд вай.
Ба иттилои ин ниҳод, феълан дар ҷумҳурӣ 3988 масҷид масҷиди панҷвақта, ҷомеъ ва ҷомеаи марказӣ, се ҷамоатхона ва 66 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ фаъолият дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.