расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Нархи маҳсулот зиёд боло нарафт... Пасттарин сатҳи таваррум дар таърихи Тоҷикистон?

Асосӣ / Иқтисодиёт

Нархи маҳсулот зиёд боло нарафт... Пасттарин сатҳи таваррум дар таърихи Тоҷикистон?

Афзоиши нархи чаканаи маҳсулот дар ҷумҳурӣ давоми шаш мох хамагӣ 2,3 фоизро ташкил дод.

Дар нимаи аввали соли 2023 нархҳо ва тарофаҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 2,3% боло рафтаанд. Дар ин бора Агентии омор хабар медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1,6 банди фоизӣ камтар аст.
Қобили зикр аст, ки дар охири соли 2022 мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,2% буд.
Афзоиши камтарини нарху тарофаҳо дар тамоми таърихи истиқлолияти ҷумҳурӣ танҳо дар соли 2013 – 3,9 фоиз ба қайд гирифта шудааст.
Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2023 муқаррар кардааст, мисли чанд соли охир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

Пешгӯӣ чӣ буд?

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ қаблан пешбинӣ карда буданд, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 “ба тадриҷ коҳиш ёфта, дар доираи ҳадафи 4-8%-и БМТ боқӣ хоҳад монд ва ба ин сиёсати қатъии пулию қарзӣ мусоидат мекунад”.
“Коҳиши талабот дар ҷаҳон содироти филизот ва маъданҳои қиматбаҳо аз Тоҷикистонро кам хоҳад кард”, - мегӯянд таҳлилгарони БҶ.
Мутахассисони Бонки Рушди АвруОсиё дар таҳлили моҳи апрели худ сатҳи таваррумро дар ҷумҳурӣ то охири сол тақрибан дар як сатҳ – 6,0 фоиз пешбинӣ карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои Бонки Осиёии Рушд мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бештар - 7,0% пешгӯӣ карда буданд.
Онҳо пешгӯии худро дар “Шарҳи рушди Осиё” бо “пастшавии эҳтимолии қурби пули миллӣ дар якҷоягӣ бо коҳиши қурби рубли русӣ, афзоиши минбаъдаи қарзи истеъмолӣ, афзоиши маоши хизматчиёни давлатӣ ва нафақа” рабт дода буданд.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.