Хонандаи синфи 11 марди 40 соларо корд зад

 

Бино ба иттилои ВКД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, ҷавонписари 17-солаи ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 23-уми июни соли 2017, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 40-солаи деҳаи Тишор ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа марди 40-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон