расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИМА ба Лавров виза надодааст, то дар Шӯрои амният иштирок кунад

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

ИМА ба Лавров виза надодааст, то дар Шӯрои амният иштирок кунад

Амрико ба ҳайати Русия зери раҳбарии вазири корҳои хориҷии он кишвар Сергей Лавров, ки бояд дар ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал иштирок кунанд, раводид (виза) намедиҳад.

Дар ин бора хадамоти матбуотии сафорати Русия дар Амрико дар канали худ дар паёмрасони Телеграм иттилоъ дод.
Русия аз 1-уми апрели имсол раёсати Шӯрои амнияти Созмони Милалро бар уҳда дорад ва, қарор аст, рӯзҳои 24 ва 25-уми апрел ҷаласаҳои шӯро баргузор шаванд.
Сафири Русия дар Амрико Анатолий Антонов гуфт, дархости дарёфти раводид барои аъзои ҳайати Русия ба сафорати Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз дар миёнаҳои моҳи марти имсол фиристода шудааст, аммо онҳо то ҳол иҷозаи сафар ба Амрикоро дарёфт накардаанд.
Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, то "баргузории ҷаласаҳо рӯзҳои башумор мондааст. Ӯ аз Вашингтон хост, ба ҳайат ва рӯзноманигорони Русия раводид дода шавад."
Иттиҳоди Аврупо баъд аз шурӯи ҷанги Украина ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Русия баст. Раҳбари Кумисюни Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфт, ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба Русия наметавонанд дар қаламрави иттиҳод фуруд оянд ва ё дар осмони он парвоз кунанд. Мақомоти амрикоӣ низ даст ба иқдоми ҳамсон заданд.

ozodi

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.