расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Акмал Амирӣ дар пайи як даргирӣ бо Толибон дар Панҷшер кушта шуд

Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Акмал Амирӣ дар пайи як даргирӣ бо Толибон дар Панҷшер кушта шуд

Ӯ аз камтарин фармондеҳони аршади Ҷабҳаи муқовимат буд, ки ошкоро аз низоми Толибон танқид мекард.

Акмал Амирӣ, фармондеҳи аршади Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон ва яке аз қумандонҳое, ки ошкоро низоми Толибонро танқид мекард, зимни як даргирӣ бо Толибон* дар Панҷшер ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.
“Манобеъи мӯътамад дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-субҳ” мегӯянд, ки Амирӣ шаби душанбеи 10-уми апрел дар ноҳияи Шатели Панҷшер ҳамроҳ бо чанд нафар афродаш кушта шудааст”, - навиштааст рӯзнома.
Ба гуфтаи манбаъ, шаби гузашта Толибон ба мавқеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вулусволии Саланги вилояти Парвон ҳамла кардаанд ва пас аз ин ҳамла Акмал Амирӣ ва зердастонаш аз кӯҳистон ба сӯи вулусволии Шатели Панҷшер ҳаракат мекарданд, ки ба камини Толибон дучор шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Абдулҳамид Хуросонӣ, волии Толибон дар Аҳмадободи Пактиё, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтааст, ки афроди ӯ Акмал Амирӣ ва ҳашт сарбозашро дар вулусволии Шател куштаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин даргирӣ чанд тан аз аъзои Акмал Амирӣ ба дасти Толибон асир афтодаанд.
Алим Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ хабари кушта шудани Акмал Амириро тасдиқ карда, дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки “мубориз ва қаҳрамони орзуи адолату озодии халқи мо, фармондеҳ Акмал Амирӣ ҳамроҳи ҳамсафонаш ҷоми шаҳодатро дар роҳи шаъну шараф ва озодии Ватан нӯшиданд”.
Дар робита ба ин, Назарӣ ба мардуми кишвараш ҳамдардӣ баён карда, навиштааст, ки ҳар қатраи хуни шаҳидони муқобилати халқи афғон ба решаҳои ҳаққонии талаби озодӣ, шаъну шараф ва адолат об дода, моро ба ғалаба наздик мекунад.
Акмал Амирӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи ҳукумати қаблии Афғонистон буд, ки пас аз суқути он ба Панҷшер рафт ва ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваст.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.