расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » «СУПОРИШ ИҶРО ШУД, ПРЕЗИДЕНТ ДАР ХУҶАНД!» (РАПОРТ ДОД ЛЁТЧИКИ ТОҶИК БАЁН УМАРОВ)

. / Ҷомеа

«СУПОРИШ ИҶРО ШУД, ПРЕЗИДЕНТ ДАР ХУҶАНД!» (РАПОРТ ДОД ЛЁТЧИКИ ТОҶИК БАЁН УМАРОВ)

 
 07.09.1992. Фурудгоҳи Душанбе. Атрофи фурудгоҳро дастаҳои мусаллаҳи мухолифин печонида гирифтаанд. Дар дохили бинои фурудгоҳ байни роҳбарони онҳо ва президенти вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев гуфтушунид идома дорад. Ҳамроҳи ӯ боз 6 нафар узви Раёсати Маҷлиси Олии кишварро низ онҳо гаравгон гирифтаанд. Сохторҳои қудратӣ комилан фалаҷ гашта, касе ба президенти интихобшуда кӯмаке расонида наметавонист.
Президентро летчики тоҷик бурд, на рус!
Мухолифон аз ӯ талаб доштанд, ки ба аризаи истеъфояш имзо гузошта, аз мансаб даст кашад. Дар кишвар намоишҳои эътирозӣ ва бесарусомонӣ идома дошт. Бо вуҷуди ҳамаи ин кашмакашҳои дохилӣ, фурудгоҳи Душанбе фаъол буд ва на танҳо аз дохили кишвар, балки аз берун низ тайёраҳоро қабулу гусел мекард. Дар таъмини фаъолияти бонизоми он хизмати роҳбари фурудгоҳ, ҳавонаварди дараҷаи олӣ Мирзо Мастонгулов хеле калон буд. 
Дар ҷаласаи роҳбарони авиатсияи граждании Тоҷикистон қарор дода шуд, ки бо кадом роҳе набошад, президентро аз ин варта наҷот ва ба ҷои бехатаре интиқол дод. Зеро ҳар дақиқа метавонист боз ягон иғвои дигаре бархезад. То ҳол бисёриҳо гумон доранд, ки Раҳмон Набиевро лётчикҳои рус аз Душанбе ба Хуҷанд бурда  бошанд, аммо ҳақиқати ҳол чунин нест.
   - Лётчике лозим аст, ки тавонад бо чашмони баста ҳам бошад, парвоз кардаю дар хурдтарин фурудгоҳ ҳам фуруд омада тавонад, зеро дар ҳаво ҳам ҳар лаҳза  мумкин аст фармон дар бораи қабул накардани президент ва ё дигар кардани самти парвоз ба командири тайёра расад, - ба ҳозирин чашм духта гуфт Мастонгулов ва ба суханаш идома дод. 
   - Ба фикрам, рафиқ Умаров аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ мебарояд,- ба тарафи Баён Умаров нигоҳ кард. Баён, низ, ки командири киштии ҳавоии Як-40 буду таҷрибаи калони парвоз дар минтақаҳои гуногуни кишварро дошта, аз худашу аъзоёни экипажаш дилпур буд, ин пешниҳодро қабул кард ва пайи иҷрои он шуд.
Мухолифин баъд аз он, ки ба мақсади худ расиданд, яъне бо роҳи зӯрӣ аз Раҳмон Набиев забонхати даст кашидан аз мансабро гирифта, гаравгонҳоро раҳо намуданд, вале касе кафолати бехатарии ӯ ва ҳамроҳонашро надод. Қарор дода шуд, ки ӯ бояд ба ягона шаҳре дар он вақт ором-Хуҷанд бурда шавад. Тайёраи  Як-40, ки дар сари штурвали он Баён Умаров менишаст, аз фурудгоҳи Душанбе боло шуда, ба самти Хуҷанд парвоз кард. Вақте, ки чархҳои тайёра ба замини шаҳри бостонии Хуҷанд расид, Баён ба Мастонгулов тариқи ратсия хабар дод: 
«- Супориш иҷро шуд, президент дар Хуҷанд…»
Умре бо ЯК-40
Баён Умаров кист? Ӯ зодаи гузари Камонгарони шаҳри Самарқанд буда, волидонаш дар вақти 3 солагиаш ба пойтахти Тоҷикистон кӯч бастанду то охири умр ҳаёти ин ҳавонаварди тоҷик бо ин шаҳр пайваст. 
Ҳанӯз вақте, ки дар мактаби миёнаи №8 таҳсил мекард, орзуи лётчик шуданро дошта, баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро  ба Омӯзишгоҳи ҳавопаймоӣ супорид, вале ноком шуд. Каси дигар мешуд, баъд аз ин ҳодиса аз баҳри лётчик шудан мегузашт, вале Баён аз зумраи чунин шахсон набуд. Ӯ коре карда, дар фурудгоҳ ба кор даромаду ронандаи ин даргоҳ шуд. Мехост бо тайёраҳое, ки ҳар замон аз фурудгоҳ ба парвоз медаромаданд наздиктар бошад. Боли орзуҳояш ҳамроҳи он тайёрае, ки ба ҳаво мехест, кушода мешуд ва ниҳоят ба мақсади худ расид. Соли 1962 ба ӯ роҳхат доданд, ки бори дигар ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи ҳавопаймоии Краснокутск супорад. Соли 1965 ин омӯзишгоҳро тоҷикписари самарқандӣ бо дипломи сурх хатм намуда, ба Ватан баргашт. Аз он замон то дами маргаш Баён Умаров ҳамаи зинаҳои касби худро тай намуда, бештари умри худро чун командири тайёраи ЯК-40 сипарӣ намуд. Аз ҳамаи мукофотҳое, ки дар давоми фаъолияташ гирифтааст, барои ӯ азизтаринаш «Ифтихорнома»-ест, ки онро аз дасти Мирзо Мастонгулов гирифтааст. Ҳарчанд ба назари кас ин 1 пора коғази  одист, вале тавре худи ӯ мегуфт, ин мукофоте буд, ки танҳо худаш медонист, ки пас аз чӣ қадар ҳаяҷону азхудгузариҳо гирифтааст. Баён Умаров 3 сол пеш ин дунёро тарк гуфт ва ҳоло аз ӯ чор фарзанд мондааст, ки дар соҳаҳои гуногун кор карда, «Ифтихорнома»-и таърихии ӯро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд…

Тоҳир Оқилов, шоҳиди парвози таърихӣ, 
ш.Душанбе 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.