расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷӯрабек Муродов: Ҳунарманд бояд ба сиёсат ворид нашавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҷӯрабек Муродов: Ҳунарманд бояд ба сиёсат ворид нашавад


Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии СССР ва хунёгари маъруфи тоҷик, пагоҳ, 24-уми декабр, ба синни 80-солагӣ қадам мегузорад. Ӯ 24-уми декабри соли 1942 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) – ро хатм кардааст.
Ҷӯрабек Муродов аз маъруфтарин сарояндагони тоҷик шинохта шуда, дар санъати миллӣ саҳми шоён гузоштааст. Ин ҳунарвар бо суруду наво забон, фарҳанг ва кишвари тоҷиконро дар рӯи олам муаррифӣ намудааст.
“Азия-Плюс” ба ифтихори 80-солагии Ҷӯрабек Муродов сӯҳбати кӯтоҳе ороста, аз ӯ дар хусуси дирӯзу имрӯзи рӯзгораш пурсид.

“Бо Худо, бо халқ, бо худ!”

- Дар шабу рӯзе, ки 80-сола мешавед, бештар ба чӣ корҳо машғулед?
- Ҳар рӯз аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон ба маҳфилу вохӯриҳо даъват мекунанд. Вақтҳои охир рӯзе нест, ки дар 2-3 чорабинӣ ширкат накунам. Аз хориҷа ҳам бисёр занг мезананду табрику таҳният мегӯянд. Ин ҳама меҳру муҳаббати халқ аст ва ман ҳам, то қувват дорам, ба миллатам хидмат мекунам. Шиори ҳамешагии ман бо Худо, бо халқ, бо худ аст.
- Дар ин зинаи умр эҷод ва эҷодкорӣ дар кадом сатҳ аст?
- Аз эҷод канор нарафтаам ва зиндагиамро лаҳзае бидуни навгониву навоварӣ тасаввур карда наметавонам. Ин гапи дурӯғ аст, ки баъзеҳо мегӯянд, вақти эҷод намудан нест. Ман барои эҷод ҳамеша вақт пайдо мекунам. То умр дорам, барои халқ суруди нав, оҳанги тоза, сухани ҷадид ва такондиҳанда меофарам. Ин рисолати ман аст.

“Суруду наво марзҳоро шикаста буд”

- Овозхоне мисли Шумо аз минбари баланди 80-солагӣ ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе дорад?
- Як соли охир ман дар хусуси 60 соли эҷодии худ андеша кардам. Аз чӣ шурӯъ кардам, дар ҷавонӣ чӣ сароидам, чӣ паём доштам, чӣ мехостам, чӣ роҳеро тай намудам...
Дар 15 давлати Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои араб ва ҷаҳони ғарб суруду фарҳанги халқи тоҷикро бо худ тӯша мегирифтам ва ба гӯши ҷаҳониён мерасонидам, ки тоҷик ҳаст, фарҳанги бузург дорад ва соҳиби тамаддун аст.  Моро шиносед.
Саҳнаҳои бузург ва майдонҳои пур аз одам пеши чашмонам меоянд. Бидуни микрафон барои 15-20 ҳазор нафар суруд мехондам. Халқ ҳамоҳанг мешуд ва баробарам замзама мекард. Суруду наво марзҳоро шикаста буд.
Хотираҳои бисёр ширин дорам. Афсӯс, ки то соли 1982 дастгоҳи сабти навор набуд ва ҳеҷ гуна сабти садову симо дар бойгониам надорам. Пас аз соли 1982 наворҳои таърихӣ дар осорхона маҳфузанд.
- Дар консерти нав чӣ навгониҳо доред?
- Ин барномаи консертӣ 60-соли фаъолияти эҷодии Ҷӯрабек Муродовро ба ҳам ҷамъ меоварад. Ҳоло ният дорам, дар консерти 80-солагӣ сурудҳоеро сароям, ки дар 20-30-солагиям онҳоро мехондам.
Бо дуои Ҳазрати Мавлоно барномаро оғоз мекунам. Пас аз он ҳатман ёди Худои таъоло мешавад. Баъдан, ёди модар ва падар мекунам. Насиҳати фарзанд ҳам ҳаст. Сонӣ, ба сурудаҳои ишқӣ ва насиҳатӣ рӯ меорем. Сурудҳои нав низ ҳастанд.

Аз Мавлоно то Лоиқ

- Фикр мекунед, он чизеро, ки ҷомеа аз сарояндаи бузурге чун шумо мунтазир буд, бароварда тавонистед?
- Не, аз худ ҳоло ҳам қонеъ нашудаам. Замоне шароит набуд ва имконияти кор кардану аз худ чизе ба мерос гузоштан камтар буд. Боз ҳам беш аз 2 ҳазор суруд хондам, зиёда аз 500 оҳанг эҷод кардам, бо 19 забони олам суруд сароидам. Имрӯз шароит муҳайё аст ва барои инсони эҷодкор чизе баҳона шуда наметавонад. Дар доираи имрӯза имкониятҳо кор накардан ва чизе мондагор аз худ нагузоштан гуноҳ аст.
Ният дорам, ҳоло шабҳои эҷодии хоса ташкил намоям ва онро ба бузургоне чун Мавлоно, Ҳофиз, Турсунзода ва Лоиқ бахшам. ҳама аз эҷодиёти ҳамин шоирон бошанд.

Роҳи Ҷӯрабек Муродов

- Солҳои 1960-1990 авҷи шӯҳрати Ҷӯрабек Муродов буд. Аз он солҳо чӣ гуна ёд меоред?
- Соли 1963 ман ба саҳнаи бузург баромадам. Ҷавон будам, сурудҳои ба табъи дилам мувофиқро мехондам. Баъдан, баъзе устодон эрод ҳам гирифтанд, ки сурудҳои мазмунан сабук мехонӣ. Ба онҳо нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфтам, ки ба соли худам мувофиқтар мехонам.
Рӯзе устодон даъват карданду гуфтанд, “садо ва нолиши хуб дорӣ, роҳи худатро ёб”. Ин сухан маро ба фикр кардан водор кунонид. Бо мурури замон сабки Ҷӯрабек Муродов рӯйи кор омад ва роҳи эҷоди ман муайян шуд.
Шабу рӯз кор мекардем, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо садои зинда суруд мехондам, моҳҳо дар хориҷа будам. Муддатҳои мадиде мешуд, ки падару модар, зану фарзандонамро намедидам, аз рӯяшон сер намешудам, дар наздашон нишаставу сӯҳбати самимона карда наметавонистам.
Дар бузургтарин майдонҳои кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз ин маҳдуда бо забони ноби тоҷикӣ суруд мехондам. Саҳнаҳои шӯрангезу ҳаяҷоновар хеле бисёр буданд. Ёдам меояд, дар майдони Бухоро мухлисон мошини “Масквич”-еро, ки ман дар дохилаш будам, рӯи даст бардошта, то маркази майдон мебурданд. Ин иззати миллати ман буд.
- Шумо бо чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон ва СССР шиносоиву дӯстӣ доштед. Ин дӯстиҳо барои Шумо чӣ қадр кӯмак кард? Аслан, ин роҳи тайнамудаи Шумо то куҷо ҳамвор буд?
- Бале, бо устодони бузург робитаҳои танготанге ба вуҷуд омаданд, ки дар ташаккули ҳунар ва шахсияти банда таъсир расонид. Ҳама чеҳраҳои фарҳангиву адабиву илмӣ бо ман равобити дӯстонаву бародарона доштанд.
Бо ҳама сиёсатмадорони вақт низ ошно гардида будам. Аз Бобоҷон Ғафуров то Эмомалӣ Раҳмон – бо ман ҳама раҳбарони Тоҷикистон муносибати хуб доштанд.
Дар ин баробар, дар ин 60 соли фаъолияти эҷодӣ бисёр душвориҳоро паси сар кардам ва тӯҳматҳои гӯшношунид шунидам. Хабари маргамро ба модарам расониданд ва он кас аз ин хабари бардурӯғ бемор шуда, билохира, пас аз 6 моҳ даргузаштанд. Марги чанд нафари дигарро дар атрофи номам печониданд, ки тӯҳмат буд. Ҳамааш ба Худо маълум аст ва шукр, ки гузашт.

Зафар Нозим ва Одина Ҳошим

- Муносибати Шумо бо ҳунармандон, ба вижа бо устодон Зафар Нозим ва Одина Ҳошим чӣ гуна буд?
- Бо ҳама устодони санъати миллии тоҷик муносибати танготанги рафиқона ва писарона доштам. Маҳз ҳамин нафарон буданд, ки дасти маро гирифтаву ба саҳнаҳои бузург бароварда буданд. Ин дурӯғи маҳз аст, ки ман бо устодон Зафар Нозим ва Одина Ҳошим “гапу гузорҳое доштаам”. Ин хабарҳоро мешунавам, ҳайрон мемонам, ки аз куҷо ва чаро мебарояд.
Ёдам меояд, устод дар шифохонаи Қарияи Боло бистарӣ буд. Қариб, ки касеро намедид ва сӯҳбат ҳам намекард. Рӯзе ба дидораш рафтам. Овозамро шунида, чашмонашро кушод. Ҳамдигарро оғӯш гирифтем.
Аз чашмони устод Зафар Нозим ашк мерехт. Ашкҳои ман низ беихтиёр ҷорӣ шуданд. 10-15 дақиқа ҳамроҳи устод сӯҳбат намудем ва ваъдаи баргашт намуда, аз дидораш фориғ шудам. Баъди чанд соат устод дунёро падруд гуфт.
Бо устод Одина Ҳошим ҳам то охирин лаҳзаҳо дӯстии танготангу фарзандона доштам. Устод ба ман сахт бовар доштанд ва ҳамеша бо ҳама масъалаҳо ба банда муроҷиат мекарданд.
Афсӯс мехӯрам, ки охири умри устодон Зафар Нозим ва Одина Ҳошим бо баъзе мушкилот сатх гузашт. Хонаи устод Зафар Нозимро, ки ҳама тору пудашон дар он маҳфуз буд, ахиран оташ заданд. Ман ҳамон вақт гиряи пурсӯзи устод Зафар Нозимро дида будам. Бисёр ҷонгудоҳ буд он ашкҳо. Ба ин монанд, мошини устод Одина Ҳошимро дар зодгоҳаш зери санг гирифтанд ва он кас ҳам дар охири умр ранҷ кашиданд. Устод Одина Ҳошим ахиран дар пойтахт бисёр ба ногаҳонӣ аз олам даргузаштанд. Ёди устодон гиромӣ бод!

"Пушаймон нестам, ки замоне ба сиёсат ворид шудам"

- Андешае ҳаст, ки истеъдод набояд ба сиёсат ворид шавад, агар ворид шуд, ҳунараш мемирад. Шумо аз пайвастан ба сиёсат пушаймон нестед?
- Санъат худ сиёсат аст. Дуруст аст, ки сиёсат ҳунар ва истеъдодро дар ҳошия мегузорад, вале бесиёсат ҳам буда намешавад. Мо сиёсатро нахоҳем ҳам, сиёсат моро мехоҳад, мекобад, ба сӯямон меояд. Миёнро, ки баста гуфтед, барои миллат хидмат мекунед, аз ҳар пастиву баландӣ натарсидан даркор аст. Ман пушаймон нестам, ки замоне ба сиёсат ворид шудам ва аз номи халқам ҳарфҳояшонро дар доираҳое гуфтам.
- Пас чаро аз сиёсат рафтед?
- Ман ҳамеша сухани худам ва халқамро дар минбарҳову саҳнаҳои бузург ошкоро мегуфтам, аммо онро чун садои як ҳунарманд мепазируфтанд.  Баъдан, солҳои 1990-1995 депутати Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шудам. Аз мавқеъ ва обрӯям истифода кардам ва дарду доғи халқамро ба мақомдорон расонидам. Аз бисёр рамзу розҳо ҳам огаҳ шудам. Фикр кардам, ки дигар кифоя аст ва баргаштам ба сӯи ҳунар.
- Аз сиёсат чӣ гирифтед ва ба сиёсат чӣ додед?
- Барои санъату ҳунар мехостам чанд қонуни нав таҳия намоем. Аз ҷумла, низоми пардохти музди меҳнатро дигар ва қадри ҳунар ва ҳунармандро баланд кардан мехостам. Нақша доштам, барои ҳуқуқи муаллифӣ ва плагиат дар риштаи овозхонӣ қонун ё моддаи хоса қабул шавад. Афсӯс, ки нақшаву ниятҳоям бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ барбод рафт.
Пас аз ин дарк намудам, ки дар роҳи сиёсат эҳтиёткор будан рукни муҳимтарин аст ва дидаву амал кардан аз он ҳам муҳимтар. Ҳоло ба ин боварам, ки ҳунарманд бояд ба сиёсат ворид нашавад.

Шояд вазорати фарҳанг бо ман мушкил дорад...

- Чанд муддат аст, ки садою симои шумо аз радиову телевизиони давлатӣ пахш намешаванд. Фикр мекунед, ки чаро?
- Шояд садои ман ба касе маҳқул нашуда бошад. Касеро бад нагуфтаам, таҳқир накардаам, тӯҳмат набастаам, суруди бемаънӣ нахондаам, аммо чаро чунин шудааст, ҳайронам. Мухлисон ҳам зиёд дар ин бора мепурсанд, аммо посухи ин саволро ман ҳам намедонам.
- Бо ин масъала ба касе муроҷиат кардаед?
- Аҳамияти ҷиддӣ надодаам, ба касе ҳам муроҷиат накардаам, напурсидаам, ки чаро чунин шудааст. Ҳунарамро хор карданӣ нестам. Ду хислат дорам: ҳеҷ вақт шикоят намекунам ва ҳеҷ вақт наменолам.
- Дар консерҳои расмӣ низ ба назар намерасед. Шуморо даъват мекунанд?
- Як вақт даъват мекарданд, ҳоло не. Ё шояд даъват мекунанду ба гӯши ман намерасад. Ба ростӣ, намедонам ва охирон даъватро ҳам дар ёд надорам. Мо бо Ҷаноби олӣ (Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. –муаллиф) муносибати хуб ва дӯстона дорем. Дар сафарҳо ҳам эшонро ҳамроҳӣ мекунем, вале шояд вазорати фарҳанг бо ман ягон мушкил дорад...

Тоҷик тоҷдор ва орӣ аз чоплусӣ аст

- Охирон бор Шумо дар барномаи “Шоми дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2018 дида шудед. Оё рост аст, ки ба ин консерт ҳам бо пофишории сарояндаи ӯзбек Шералӣ Ҷӯраев даъват шудед?
- Не, баръакс, Шералӣ Ҷӯраев ҳам дар кадом як рӯйхате будааст ва ӯро маҳз бо дархосту пофишории ман ба ин консерт даъват карданд.
- Имрӯз дар ҷомеаи мо шахсиятҳо канор афтода, камҳунарҳо ситора мешаванд...
- Бадбахтӣ ҳамин аст, ки беҳунар ба ҳунарвар баҳо медиҳад. Зиёни ин ба миллати тоҷик мерасад. Моро зарур аст, ки дигар аз доираи маҳал берун бароем ва дар маҳдудаи миллӣ фикр кунем.
- Худшиносӣ ва ҳувиятталабии Шумо дар сурудаҳоятон арзиши баланд дорад. Мо чӣ қадр худшиносем?
- Миллати моро ҳазор сол куштанд, ғорат карданд, овора намуданд, беватан карданд. Таърих бисёр ба миллати тоҷик ҷабрро раво дид. Имрӯз агар аз турк пурсед, ки “кӣ ҳастӣ?”, даст ба рӯи сина мезанад ва “ман турк ҳастам!” мегӯяд. Аммо дар пойтахти кишвар ҳар нафарро доред ва ҳамин саволро диҳед, мегӯяд, “бадахшонӣ”, “зарафшонӣ”, “кӯлобӣ”. Мутаассифона, мо то ба ҳол “тоҷикистонӣ” нашудаем. Халқи моро зарур аст, ки тарки маҳал кунанд ва дар сатҳи миллат ҳарф зананд. Мақсади ман ҳам аз чунин сурудҳо маҳз ҳамин аст ва танҳо дар ҳамин сурат мо пеш хоҳем рафт.
Бовар дорам, ки насли ҷавони имрӯз тарки маҳалгароӣ мекунанд ва меваҳои замони истиқлол ба зудиҳо мепазанд. Бисёр мехоҳам, ки ин замонро ба чашмони сарам бинам.
- Дар мусоҳибаатон бо “Азия-Плюс” гуфта будед, “орзу дорам, ки халқам мисли ғулом зиндагӣ накунад, дасти касеро набӯсад, хушомадгӯӣ ва чоплусӣ  накунад. Танҳо барои Худо саҷда кунед, барои офаридаҳояш не. Орзу мекунам, ки халқам доимо озод бошад”. Ҳоло ҳам ба ин фикри худ пойбанд ҳастед?
- Албатта, таманниёти ман барои миллати тоҷик сари баланд буд, ҳаст ва мемонад. Ҳамеша як дард дорам - дарди миллат! Вожаи тоҷик аз калимаи тоҷдор гирифта шудааст. Чоблусӣ ҳеҷ гоҳ зеби миллати мо набуд ва бо ин кори нанговар набояд мақому иззати тоҷдориро паст намоем. Ба ҷӯи рафта, ҳатман об меояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.