расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо тақрибан 15 кг ҳашиш дар Тошканд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо тақрибан 15 кг ҳашиш дар Тошканд


Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 14,9 кг ҳашиш боздошт кардаанд, хабар медиҳад хабарнигори “Podrobno.uz” бо такя ба шӯъбаи пулиси маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнори сиёҳ-2022” дар шаҳри Бекобод манзиле, ки дар он шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекард, тафтиш карда шудааст.
“Дар натиҷа маълум гардид, ки дар хонаи хоби ӯ 14,9 кг маводи нашъадори ҳашиш бо мақсади фурӯш нигоҳдорӣ мешавад”, - хабар додааст манбаъ.
Дар ин ҳол, хабаргузорӣ ному насаби гумонбарро зикр накардааст ва дар навори нашргардида низ рӯи ӯ пӯшонида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба гумонбар бар асоси қисми 5 моддаи 273-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст ва ҳоло аз 10 то 20 соли зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.