расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ВКХ Тоҷикистон изҳороти рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордонро рад кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

ВКХ Тоҷикистон изҳороти рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордонро рад кард


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороти хоса гуфтаҳои рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордонро дар робита ба истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон ва ишитроки онҳо дар ҷангҳои Украина, рад кард.
"Мо суханони блогнависи укроинӣ Дмитрий Гордонро, ки рӯзи 28-уми октябри соли 2022 дар ҷараёни барномаи онлайнии "Дар меҳмонии Гордон" дар бораи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистон, ки гӯё дар "куштори укроиниҳо" даст доранд, рад мекунем”, - гуфт ВКХ-и Тоҷикистон.
Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содирот намекунад.
“Ба Гордон тавсия медиҳем, ки минбаъд низ ба чунин назарҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад”, - гуфт ВКХ-и Тоҷикистон.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки “ҷониби Тоҷикистон дар ин бора аз Киеви расмӣ ҳеҷ дархосте дарёфт накардааст".
Ёдовар мешавем, ки Дмитрий Гордон қаблан дар барномаи худ гуфта буд, ки Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии сохти Ӯзбекистонро дар ҷанг бар зидди Украина истифода мебарад. Баъд аз вокуниши ВКХ-и Ӯзбекистон ва ҷомеи ин кишвар Гордон маъзаратхоҳӣ карда гуфт, ки ӯ ба ҷойи Тоҷикистон саҳван Ӯзбекистон гуфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.