расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон: муовини вазир Маҳмадсаид Саидзода аз вазифааш озод карда шуд

Асосӣ / Сиёсат

Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон: муовини вазир Маҳмадсаид Саидзода аз вазифааш озод карда шуд

Саидзода ба Рашт фиристода шуда, собиқ сардори Воҳиди махсуси ВКД-и ҷумҳурӣ ба ҷойи ӯ таъин шуд.


Маҳҳмадсаид Саидзода то соли 2017 Раёсати БДА-и кишварро роҳбарӣ мекард
Сурат: Акс аз бойгонӣ

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини вазири корҳои дохилӣ Саидзода Маҳмадсаид Борон аз вазифааш озод карда шуд. Ӯ аз охири моҳи марти соли 2017 ин мансабро ишғол мекард.

“Саидзода Маҳмадсаид Борон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад”, - омадааст дар қарори ҳукумат аз 10 сентябр.

Аз ВКД Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода сардори Раёсати ВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт таъин шудааст.

Генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода Партов, ки то ин дам ба ҳайси сардори Воҳиди махсус ВКД-и ҷумҳурӣ кор мекард, ба ҷойи ӯ муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.