расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Темур Раҳимов сабаби нокомии ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-ро шарҳ дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш / Ҳаводис

Темур Раҳимов сабаби нокомии ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-ро шарҳ дод

Темур Раҳимов ҷудокори варзидаи тоҷик субҳи 26 октябр бо нишони биринҷии "Abu Dhabi Grand Slam 2022" аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Душанбе баргашт.

Дар фурудгоҳи пойтахт ӯро наздикону пайвандон ва намояндагони соҳаи варзиш истиқбол гирифтанд.

Ӯ аз миёни 10 варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ намуданд, ягона нафарест, ки медали биринҷӣ гирифт.

Раҳимов дар мусоҳиба бо VarzishTV сабаби асосии нокомии ҷудокорони тоҷикро камтаҷрибагӣ арзёбӣ кард.

"Варзишгарони тоҷик хуб баромад карданд, аммо, аз ҳисоби камтаҷрибагӣ ба бохт дучор шуданд", - тавзеҳ дод ӯ.

Ҳамзамон маълум шуд, ки паҳлавони тоҷик дар мубориза барои ҷои саввум бо дасти латхӯрда ҷудокори Словакияро мағлуб кард. Дасти ӯро Лукас, варзишгари чехиягӣ дар даври ниманиҳоӣ лат дод.

"Бо Лукас, ки легендаи ҷудо мебошад, бори сеюм қувваозмоӣ мекунам. Дар вақти асосӣ қувваозмоӣ баробар буд, баъд ӯ аз ҳолати партерӣ истифода бурда дасти маро лат дод", - изҳор дошт Раҳимов.

Ин сеюм медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Ҳамчунин, сои равон дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардидааст ва дар зинаи аввали радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ дорад. Инчунин Темур Раҳимов дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2022" соҳиби 500 имтиёзи Олимпӣ гардид.


Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.