расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Иштироки 11 ҷудокори тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam 2022”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Иштироки 11 ҷудокори тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam 2022”


Пагоҳ, 21-уми октябр, мусобиқаи байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam 2022” оғоз мешавад ва дар он 11 варзишгари тоҷик иштирок меварзад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар медиҳад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг намояндагӣ мекунанд.
Дар вазнҳои то 100 кг ва бештар аз он Абӯбакри Акобир, Эмомризо Анварзода ва Темур Раҳимов ширкат хоҳанд кард.
Миёни занон бошад, Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кг ва Мавлуда Одинаева дар вазни то 63 кг иштирок мекунанд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо менависад, марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти "Grand Slam" дар мавсими имсола дар ду давлати дигар баргузор мешаванд, ки барои дарёфти холҳои варзишӣ имкони нав аст.
Мусобиқа ду рӯз дар шаҳри Абузабӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб идома карда, дар он ширкати 430 варзишгар аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) аз 66 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Мусобиқаи байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam 2022” рӯзи 23-юми октябр ба анҷом мерасад.
Бояд гуфт, ки ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад ва ғолибонро аз 260 то 1000 холи олимпӣ интизор аст.
Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар ин мусобиқа се варзишкори кишвар Комроншоҳи Устопириён (нуқра), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов (ҳарду биринҷӣ) медал гирифта буданд.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20221020/ishtiroki-11-udokori-toik-dar-abu-dhabi-grand-slam-2022

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.