расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Cамарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2024 пешбарӣ шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Cамарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2024 пешбарӣ шуд


Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номзадии шаҳри Самарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2024 пешбарӣ шуд. Дар ин бора Podrobno.uz хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ дар ҷаласа президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зикр кард, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона яке аз самтҳои муҳимтарини робитаҳои мутақобила дар паҳнои ИДМ мебошад.
Гуфта мешавад, бо мақсади ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи инноватсия ва байни ҷавонон Шавкат Мирзиёев пешниҳод намудааст, ки соли оянда дар Ӯзбекистон таҳти унвони “Ҷавонон ҷонибдори инноватсия” (Молодежь за инновации) Конгресси якуми олимони ҷавони ИДМ гузаронида шавад.
Ӯ ҳамчунин омодагии Ӯзбекистонро ба минбаъд фаъолона мусоидат намудан ба амалисозӣ ва иштирок дар лоиҳа ва барномаҳои муштарак дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, варзиш, фарҳанг ва ҳунар изҳор доштааст.
Президенти Ӯзбекистон аз қарори пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Санкт-Петербург дар соли 2023 ҷонибдорӣ кардааст. Номзадии шаҳри Самарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2024 пешбарӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки Самарқанд яке аз шаҳрҳои маъруфи таърихии Ӯзбекистон мебошад. Он теъдодии зиёди сайёҳонро ҷалб мекунад, зеро дар он анъанаҳои қадимии Шарқ ва замони муосир ба ҳам тавъаманд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.