расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Гӯшти кабӯтарро хӯрӣ, паривара мешавӣ?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Гӯшти кабӯтарро хӯрӣ, паривара мешавӣ?

Салом! Ман ҷавони 21-сола ҳастам ва дар як деҳаи кӯҳистон зиндагӣ мекунам.

Аз хурди шикорро дӯст медорам ва тез-тез ба кӯҳу дара рафта, паррандаву чаррандаҳоро шикор мекунам.

Ҳафтаи гузашта кабӯтарони ваҳширо шикор карда омадам, вале модарам “гӯшти кабӯтарро хӯрдан мумкин нест, касе, ки гӯшти ин паррадаҳоро хӯрад, паривара мешавад” гӯён, иҷозат надоданд, ки хоҳаронам ба ин гӯшт даст расонанд.

Ҳайрон шудам, наход, ки бо хӯрдани гӯшти кабӯтар одам ҷиннию паривара шавад. Умуман назари дини ислом ба ин масъала чи гуна аст? Сайфулло, муштарии Оила.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ: Бардари азиз! Суханҳои модаратон дар бораи он ки касе гӯшти кабӯтарро хӯрад, паривараю ҷиннӣ мешавад, ягон асос надошта, ин танҳо як гапи хушук хоӣ ва бофтаи кампиракон аст.

Аз назари дини мубини ислм бошад, асос дар хӯрокҳо ва нӯшокиҳо ҳалол будани онҳо мебошад, то он даме ки далели ҳаром будани он собит нагардад.Аллоҳ таъоло фармудааст:

«Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар замин аст, бароятон офарид». Худованд мефармояд: «Бигӯ:

"Дар миёни он чӣ ба ман ваҳй шудааст, чизеро ки хӯрдани он барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар (гӯшти) мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид аст, ё (ҳайвоне, ки ҳангоми забҳ) аз рӯи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таъоло бар он бурда бошанд".

Ба ҳаром будани хӯрдани гӯшти кабӯтар далеле ворид нашудааст ва хӯрданаш раво аст.

Далели ҳалол будани хӯрдани кабӯтар ин аст, ки саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) дар мавриди каффорати кабӯтари Ҳарам, ки онро муҳрим шикор мекунад, гӯсфандеро муқаррар кардаанд. Ин бар ҳалол будани хӯрдани он далолат мекунад. 

 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.