расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Душанбе як рӯз бе об мемонад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Душанбе як рӯз бе об мемонад?

Имрӯз ба баъзе маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад...

Аз соати 23.00-и рӯзи 12 октябр то соати 24:00-и рӯзи 13 октябр дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» дар ин рӯз дар ноҳияи И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ интиқоли оби нӯшокӣ як шабонарӯз қатъ мегардад. Дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак. Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77-и ноҳияи Шоҳмансур низ дар ин рӯз додани об қатъ карда мешавад. Интиқоли оби ошомиданӣ дар маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино низ дар ин рӯз муваққатан қатъ хоҳад гашт.

Ҳамчунин дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов,шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбеи ноҳияи Фирдавсӣ низ интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00-и 12 октябр то соати 24:00-и 13 октябри соли 2022 қатъ мегардад. Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд. 

 Сарчашма:​оила тҷ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.