расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Давлатманд Холов: Фалак аз қалбҳои нолон берун омад ва дар қалбҳои оламиён ҷой гирифт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Давлатманд Холов: Фалак аз қалбҳои нолон берун омад ва дар қалбҳои оламиён ҷой гирифт


Инак 15 сол мешавад, ки 10-уми октябр дар Тоҷикистон “Рӯзи Фалак” ба таври хоса таҷлил мегардад. Хабарнигори “Азия-Плюс” ба муносибати чунин як рӯзи вижа ба суроғи Давлатманд Холов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва фалаксарои овозадори тоҷик, рафт ва мусоҳибаи кӯтоҳи телефонӣ анҷом дод.
- Ба муносибати Рӯзи Фалак имрӯз дар кишвар чандин чорабиниҳо баргузор мешаванд. Шумо ба куҷо даъват шудед?
- Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Амфитеатр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд ва моро ҳам даъват намуданд. Ҳоло дар хонаам ва каме бемор ҳастам. Мутаассифона, ҷое рафта наметавонам.
- Ҳафтаи охир шумо дар Эрон буд. Сафар чӣ гуна гузашт?
- Бале, мо бо баҳонаи “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон” ба ин кишвар сафар карда будем ва ҳамин шаб баргаштем. Шояд боду ҳаво таъсирам кард, ки каме нотоб шудам, аммо ин ба зудӣ мегузарад.
- Дар кадом шаҳрҳои Эрон будед ва мардум фалакро чӣ гуна пазируфтанд?
- Не, ман як умр дар хидмати халқ будам ва ҳамеша бо садои зинда ба ҳаводорони Фалак суруд мехондам. Ҳоло ҳам чуноне ҳастам, ки будам, ба хидмати мардум камар бастаам ва агар нақше дар фалаксароӣ дошта бошам, шукр мегӯям ва ифтихор мекунам.
Мо дар ду шаҳри бузурги Эрон - Теҳрон ва Табрез будем ва камина дар чорабиниҳои фарҳангиамон бештар аз 15 ғазалро ба таври зинда сароидам. Эрониён хеле самимона пазируфтанд.
- Воқеан, шумо ғазалҳои шоирони классикро ҳам оҳанг мебандед ва ин андешаи танҳо дар қолаби рубоиву дубайтиҳо хондани Фалакро ботил мекунад...
Бале, манзури шуморо фаҳмидам, бархеҳо фикр мекунанд, ки дар сароиши Фалак фақат аз рубоӣ истифода мебаранд. Аммо ин хел нест. Масалан, дар ҳамин сафари Эрон “Дилат раҳо кун, ошиқо”, “Сорбон”, “Орзуст” ва 6 ғазали дигар аз Мавлонои Балхӣ, “Шоҳ, паноҳам бидеҳ” аз Фирдавсӣ, “Шаби ҳиҷрон” аз Соиб ва “Дур машав”-ро сароидам, ки ҳамаашон ғазалҳои фалсафиву ирфонии шоирони классик буданд. Фалакро имрӯз маҳдуд карда намешавад.
- Шумо ба андешаи он ки “Фалак розу ниёзи марди кӯҳистон буд”, розӣ шуда метавонед?
- Дуруст аст, ки Фалак дар кӯҳистон маъмул буд ва марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, дар ҳоли кишт ва дар сари киштзору даштҳои ҳосилхез рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро месароид ва фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид.Пас аз ин, ин навъи мусиқии анъанавӣ дар ҳама маросимҳои суннатии мардуми мо ворид гашт ва Фалак ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардумӣ шуд. Ҳоло Фалак моли миллати тоҷик аст ва дунё аз ин мусиқӣ сухан мегӯянд. Ин фалсафаи табиии зиндагӣ аст ва садои Фалак имрӯз дар шаҳрҳои бузургтарини олам тантана дорад.
- Ин жанри мусиқӣ дар олами муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ чӣ андоза ворид шуд?
- Фалак аз гурӯҳҳои хурди хонаводагӣ то ансамбли бузург дар Душанбе, аз Иттиҳоди Шӯравӣ то ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҷаҳонӣ шуд. Фалак аз қалбҳои нолон берун омада буд ва қалбҳои оламиёнро фаро гирифт. Мардум дар гузашта аз тангдастиву мушкилӣ фарёд мекашиданд. Ҳоло замони он фаро расидааст, ки фалак оҳанги рӯҳафзо ҳам дошта бошад. Имрӯз мо на танҳо аз дарду ғаму фироқ сароем, балки фалаки шодиёнаро низ бояд хонем.
- Аз дирӯз то имрӯзи Фалак чӣ гуфтаниҳо доред?
- Дар замони ҷавонии мо дар тамоми маҳдудаи Шӯравӣ фалаксароӣ роиҷ гашт ва ин фарҳанги волои худро ба гӯши ҷаҳониён мерасонидем. Ансамбл ташкил дода будем ва сафарҳои ҳунарии зиёде доштем. Ин замон Фалак хеле рушд кард ва садояш дар само мепечид. Фалак аз дашт бархесту кулли фалакро фаро гирифт.Аммо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳама фарҳанги миллии мо беқадр ва камтаваҷҷӯҳ шуд. Мутаассифона, Фалак ҳам як муддате аз ёдҳо дур шуд ва дар ҳоли фурӯпошиву нобудӣ омада расид.
Баъди созиши тоҷикон ва омадани сулҳи комил дар Тоҷикистон Фалак мавриди таваҷҷӯҳи дигарбора қарор гирифт. Фалаки имрӯз - фалаки олам аст.
- Ба муносибати рӯзи касбиатон Шуморо самимона таҳният менамоем!
- Ташаккури беандоза! Миллати мо - миллати мутамаддин ҳастанд ва фарҳанги гузаштаи худро ҳифз менамоянд. Барои ҳама мардуми тоҷик фалаксароёну фалакписандон Рӯзи Фалакро табрик менамоям!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.