расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мирзиёев ба Путин ордени бонуфуз дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Мирзиёев ба Путин ордени бонуфуз дод

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, кишвардори Русия Владимир Путинро бо ордени "Олий Даражали Дӯстлик" (Дӯстии дараҷаи олӣ) сарфароз гардонд.

Дар ин бора раҳбари дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон Шерзод Асадов хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ШАвкат Мирзиёев раисиҷумҳури Ӯзбекистон аллакай фармони дахлдорро ба имзо расонидааст.

Путин ин ҷоизаро барои "саҳми бузурги шахсиаш дар рушди робитаҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ" миёни Ӯзбекистону Русия сарфароз гаштааст.

Инчунин, сабаби дигари қадрдонии оқои Путин бо орден 70-солагии зодрӯзи ӯ мебошад, афзуд Асадов дар канали Telegram-и худ.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи июли соли 2022 Путин фармоне содир кард, ки тибқи н ба Шавкат Мирзиёев ордени Александр Невский тақдим карда шуд.

Раҳбари Ӯзбекистон барои хидматҳои бузург дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Русия ва Ӯзбекистон қадрдонӣ шуд.

Раисиҷумҳури Русия ин орденро дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки 15 сентябр дар Самарқанд баргузор шуд, ба ҳамтои ӯзбекаш супурд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.