расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Осиёи Марказӣ низоми ягонаи огоҳсозии изтирорӣ таъсис мешавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Дар Осиёи Марказӣ низоми ягонаи огоҳсозии изтирорӣ таъсис мешавад

Дар Осиёи Марказӣ мехоҳанд системаи ягонаи огоҳсозии изтирорӣ таъсис диҳанд.

Чунин иқдомро Юрий Илин, раҳбари вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон дар нишасти сарони ниҳодҳои марбутаи минтақа дар Душанбе матраҳ кардааст.

Вай пешниҳод кардааст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як низоми огоҳии бармаҳал дар бораи ҳар гуна ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шавад.

Ба гуфтаи ӯ, муҳим аст, ки иттилооти мутақобилан дар бораи таҳдидҳо дар минтақа сурат бигирад.

"Ташаббус имкон медиҳад, дар минтақаҳое, ки хатари сейсмикӣ, сел, фаромадани тарма ва лағзиши ярч зиёданд, пешакӣ аз ҳолатҳои фавқулода огоҳ карда шаванд", - шарҳ дод дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон.

Роҳбарони ниҳодҳои марбута ва вазорату идораҳо аллакай ин ташаббусро дастгирӣ кардаанд.

Пешбинӣ шудааст, ки на танҳо датчикҳои сейсмикӣ, балки датчикҳои метеорологӣ, гидрологӣ ва дигар датчикҳои системаҳои мавҷудаи назорати вазъияти фавқулода дар мамлакатҳои минтақа низ муттаҳид карда шаванд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.