расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Маҳбуси фирорӣ боздошт гардид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Маҳбуси фирорӣ боздошт гардид


Аҳмадбек Саидов, як зиндоние, ки моҳе қабл аз Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе фирор карда буд, боздошт шудааст. 
Дар ин бора як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Манбаъ гуфт, маҳбуси фирорӣ субҳи имрӯз, 1-уми октябр, дастгир шуд ва ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ӯ шарҳ надод, ки Аҳмадбек Саидов дар куҷо ва аз ҷониби кӣ боздошт шудааст, вале тасдиқ кард, ки мукофотпулии эъломшуда ба ӯ расонида мешавад.
Дар ҳамин ҳол, "Parviz tv", як шабакае, ки бо пахши наворҳои нодири хеш машҳур аст, иттилоъ додааст, ки маҳбуси фирорӣ соати 10:05 дақиқаи имрӯз, 1-уми октябр, аз ҷониби як курсанти ВКД дар шаҳри Конибодом дастгир шудааст.
Гуфтан лозим аст, ки то ҳол шароити фирори ин маҳбус маълум нест, аммо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ироаи иттилоъ дар бораи Аҳмадбек Саидов, маҳбуси фирорӣ, қаблан 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Аҳмадбек Саидов, сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониёни Хатлонро дар оғози моҳи августи имсол дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод карданд. Ӯ дар “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.