расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Нияти тӯйи писар доштам”. Қиссаи талхи Сайфуллои Абдунабӣ, ки хонаашро сарбозони қирғиз сӯхтанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

“Нияти тӯйи писар доштам”. Қиссаи талхи Сайфуллои Абдунабӣ, ки хонаашро сарбозони қирғиз сӯхтанд


Суратгузориши мазкур аз маҳаллаи Боғистони шаҳри Исфара, ки дар ҷараёни муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби низомиёни қирғиз тирборон шуд, таҳия гардидааст.
Дар ин маҳалла тоҷикону қирғизҳо паҳлӯи ҳам зиндагии осоишта доштанд, аммо субҳи 14-уми сентябр оромиши онҳо ба ҳам зад.
Дар ин рӯз низомиёни қирғиз ногаҳон ба маҳаллаи Боғистон ҳамла намуданд. Онҳо аз силоҳҳои вазнин ба хонаи мардуми осоиштаи тоҷик тиру гулула шиллик карданд. Дар натиҷа, даҳҳо хонаи тоҷикон сӯхта хокистар шуд. Ҳамчунин, ду сокини маҳаллӣ куштаву чор тани дигар, бо шумули ду сарбоз, захмӣ шуданд.
Хабарнигори “Asia-Plus” ба Боғистон рафт, то оид ба вазъи ин маҳалла гузориш омода намояд. Ба хабарнигори мо муяссар нашуд, ки оилаи кушташудагон ва захмиёнро пайдо намоям, чун маҳалларо ҳама тарк карда буданд, аммо аксҳои бардошта гувоҳӣ аз вайронкориҳои сарбозони қирғиз медод.
Дар поён аксҳои хонаи сӯхтаву валангори Сайфуллои Абдунабӣ инъикос ёфтааст. Ҳамаи даҳ дар ҳуҷраи хонааш пурра сӯхтааст ва дар он наметавон зист.
Сайфуллои Абдунабӣ мегӯяд, ки дар ин ҳавлӣ 4 оила зиндагӣ доштанд ва ҳоло онҳо бесарпаноҳанд. Ҳамакнун, нақшаи оиладор кардани фарзанди панҷумаш низ барбод рафтааст.
Дар паҳлӯи хонаи ӯ хонаи қирғиз аст, аммо он зарар надидааст. Ин аз вайронкориҳои тарҳрезишудаву барқасдона гувоҳӣ медиҳад.
Шояд минбаъд онҳо дигар мисли пешин қарин нагарданд ва ба ҳам бо шубҳа нигаранд, вале бо ин ҳам Сайфуллои Абдунабӣ ба ин кор ҳамсояи қирғизашро дахил намедонад.
Ӯ танҳо мегӯяд, ки фарзандонаш зиндаву саломат бошанд, ҳамаашро аз сари нав месозанд.
Ҳамчунин, Сайфуллои Абдунабӣ умед дорад, ки мардуми тоҷик ин ҳама душвориро паси сар мекунад ва ба хушбахтии ҷовидон мерасад. Ӯ бовар дорад, ки дар чунин рӯзи душвор ҳукумат ва роҳбари давлат онҳоро танҳо нахоҳанд гузошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.