расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳушдори ВКХ–и Тоҷикистон ба кишварҳо ва созмонҳои ҳамкор

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Ҳушдори ВКХ–и Тоҷикистон ба кишварҳо ва созмонҳои ҳамкор

Истифода аз манобеъи оби яке дигар аз баҳсҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари баҳсҳо сари қаламрав аст.

Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар як ҷамъи намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷиву созмонҳои байнулмилалӣ ва рӯзноманигоронсӯҳбат мекард, гуфт, дар солҳои ахир, Қирғизистон манобеъи оби фаромарзиро бераҳмона ва башиддат аз худ мекунад.

“Ин амр ба вежа дар мавриди рӯдхона Хоҷа Бақирғон, ки таҷаммӯъ (агломератсия) – и Хуҷандро таъмин менамояд, сидқ мекунад. Ин таҷаммуъ шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро, ки беш аз ним миллион нафар ҷамъият дорад, дарбар мегирад”, - гуфт вай.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, Қирғизистон проектҳоеро рӯи даст гирифтааст, ки дар пайи иҷроиши онҳо ҷамъияти Тоҷикистон бидуни оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ бидуни обёрӣ мемонанд ва ин дар тазодди комил бо асноде аст, ки имзои намояндагони расмии Қирғизистонро дорад ва арқоми возеҳе дар ҳавзаи тақсими оби ин рӯдхона маълум ҳастанд.

“Бо истифода аз ин фурсат, ман аз намояндагони кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ мехоҳам, ки ҳангоми дарёфти дархост аз тарафи Қирғизистон барои иҷрои проектҳои мудирияти об дар ин сарзаминҳо бисёр муроқиб бошанд. Ин амр авоқиби манфӣ дорад, аз ин хотир, қабл аз ҳар тасмиме аз шумо хоҳишмандем бо мо ҳамоҳанг ва машварат намоед”, - гуфт Содиқ Имомӣ.

Вай афзуд, Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин фурсат суъистифода нахоҳад кард, балки алоқаманди он аст, ки ҳамсояаш Қирғизистон кишваре мураффаҳ бошад, ба тавре, ки ҷамъияташ ба серу пурӣ зиндагӣ кунанд, аммо намехоҳад, ки бо гумроҳ кардани шарикони худ, бо манобеъи ҷадиди ихтилофу таниш мувоҷеҳ шавад.

Истифода аз манобеъи оби дарёҳои Исфара ва Хоҷа Бақирғон, ки аввалӣ, аз қаламрави шаҳри Исфара ба Қирғизистон ва дигарӣ, аз ҳудудҳои ноҳияи Лайлаки ин кишвар ба Тоҷикистон меояд, бар баҳси қаламрав изофа мешаванд.

Тибқи иттилоъи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тайи 12 сол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 230 ҳолати истифодаи силоҳ рух додаст, ки қисмати умдаи онҳо ба баҳси истифода аз об рабт доранд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.