расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Байни Хуҷанд ва Фарғона хатсайри ҳавоӣ боз мешавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Байни Хуҷанд ва Фарғона хатсайри ҳавоӣ боз мешавад


Намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон ба созиш расиданд. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки шумори хатсайрҳи автобусҳои мусофирбар низ зиёд карда шавад.
Ин созиш дар доираи форуми тиҷоратии доираҳои кории вилоятҳои Суғд ва Фарғона ҳосил шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона.
Қобили зикр аст, ки масофаи роҳ байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Фарғона 173 километрро ташкил медиҳад.
Дар бораи ҷадвали парвозҳо тариқи ин хатсайр ва арзиши билетҳо ба он маълумот дода намешавад.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш як ҳайати вилояти Фарғона ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷашни Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз вилояти Суғд боздид намуд.
Дар чаҳорчӯби сафари ин ҳайат форуми тиҷоратии доираҳои кории вилоятҳои Суғд ва Фарғона доир гардида, 12 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар гуфтушунидҳо рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, сохтмон, коркарди пӯсту истеҳсоли пойафзол, бахши кишоварзӣ ва фарҳанг муҳим арзёбӣ шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.