Бо «шарофати» духтарам «тӯби футбол» шудам

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён


Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, кафили ҳуқуқу озодиҳои тамоми мардуми Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон. Ман, Бойматова Моҳинисо, модаре ҳастам, ки аз дасти фарзанди худ дар ин дунёи дурӯза сарсону саргардонам. 
Тӯли зиёда аз 3 сол мешавад, ки бо «шарофати» духтарам Бойматова Зарина миёни судяҳо «тӯби футбол» гаштаам. Ҳамаи ин сарсонию саргардониҳоям аз он сабаб аст, ки духтарам (ҳарчанд ба духтар гуфтан забонам намегардад) Бойматова Зарина меҳоҳад моро аз хонаамон, ки бо азобу заҳмат ва меҳнати якҷояи ҳама фарзандон бунёд намудаем, берун кунад ва онро барои пардохти қарзҳои, намедонам ба кадом хотир гирифтааш, фурӯшад. Ман намефаҳмам, ки чаро ӯ яку якбора дигар шуд, барои чӣ қарздор шуд? Ин маблағҳоро ба кадом мақсад гирифтааст ва ба куҷо сарф кард?
Муҳтарам Пешвои миллат, ҳама гап дар он аст, ки мо - оилаи Бойматовҳо бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади тиҷорати оилавӣ соли 2007 бо ариза ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳри Конибодом муроҷиат намудем. Хостем қитъаи замин гирифта, дар он як бинои замонавии дуошёна, ҷавобгӯ ба ҳама меъёрҳои шаҳрдорӣ бунёд намоем. Тибқи нақша ва маслиҳат бояд ошёнаи якуми бино дорухона ва қисмати болоии он ҳуҷраҳои истиқоматӣ шаванд. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳри Конибодом розигӣ ва ба мо маслиҳат доданд, ки ҳуҷҷати замин бояд ба номи як нафар омода карда шавад. Аз ин рӯ, мо аҳли оила маслиҳат намуда, ҳуҷҷатро ба номи духтарам Бойматова Зарина дуруст кардем. Бояд қайд намоям, мо бо ҳамроҳии шавҳарам Бойматов Юлчибой соҳиби 4 фарзанд - 3 духтар ва 1 писар мебошем. Зарина духтари 3-юми мо буда, маълумоти миёнаи касбии духтурӣ дорад. Бо он мақсад, ки дар оилаамон духтур дорему дар оянда ёрмандиамон хоҳад кард ва зиндагиямон сомон меёбад, ҳуҷҷатгузории қитъаи заминро ба номи Зарина анҷом додем. Аз куҷо донем, ки дар бағал морбача парвариш намудаем. Бо ин мақсад, соли 2008, пас аз тахт намудани ҳуҷҷати замин, ки 0,05 га-ро ташкил медиҳад, ба сохтмони бино оғоз намудем. Давоми 4 сол, аҳли хонавода якҷоя заҳмат кашидем, дар Русия кор кардем. Маблағҳои бо меҳнати ҳалолу азобҳои зиёд ба даст овардаамон асосан аз шаҳри Сургути Русия аз номи Бойматов Юлчибой, Бойматов Толиб, Бойматова Зарина, Бойматова Моҳинисо ба номи ё ман - Бойматова Моҳинисо ва ё ба номи духтарам Бойматова Нигора, ё ба номи худи Бойматова Зарина интиқол мегардиданд ва пурра дар сохтмони бинои дорухона сарф карда шуданд. Кор ба ҷое расид, ки маблағамон барои сохтмон камӣ кард ва як қисми ҳавлии истиқоматиамонро (воқеъ дар ҷамоати Э. Шарифов, кӯчаи Низомӣ 1\34) соли 2008 ба шаҳрванд Нурматова Зебиниссо ба маблағи 250 ҳазор рубли русӣ фурӯхтем ва пули онро дар муҳлати 2 сол қисм-қисм гирифта, барои хариди масолеҳи сохтмонӣ сарф намудем.
Илова бар ин, ғайр аз интиқоли маблағҳои пулие, ки аз Федератсияи Русия дастрас мегардиданд, пас аз бунёди бино ман аз бонки «Эсхата» дар шаҳри Конибодом соли 2009 ба маблағи 1500 доллар, аз филиали ҶДММ ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд» моҳи декабри соли 2012 барои таъмири хона ба андозаи 10000 сомонӣ ва соли 2013 барои харидории таҷҳизоти дорухона 2000 доллари амрикоӣ қарз гирифтам. Барои надоштани маблағ ба хотири рӯйпӯш намудани қарзи бонкӣ маҷбур шудем қисми дигари ҳавлии истиқоматиамонро фурӯхта, ба бинои навсохти дорухона кӯчем. Дар аввал муносибати Зарина бо аҳли оила хуб буд, вале пас аз ба шавҳар баромаданаш соли 2013 ва пурра бунёд шудани иншоот бе сабаб муносибаташро бо мо вайрон намуд. Зарина бо истифода аз он, ки бо акти комиссияи давлатии қабули объекти сохтмонаш анҷомёфта аз санаи 28-уми марти соли 2013 ва бо қарори МИҲД-и шаҳри Конибодом аз санаи 4-уми апрели соли 2013 таҳти рақами 147 ҳуҷҷатҳои бино ба номи ӯ ба расмият дароварда шудаанд, ба судбозӣ оғоз намуд. Мақсади нопокаш он аст, ки моро, падару модар ва хоҳарону бародарашро, ки ҳамакаса дар сардиҳои Русия бо азоб кор карда, пул ёфта, онро дар бунёд намудани бинои дорухона бо мақсади тиҷорати оилавӣ харҷ намудаем, берун андозад ва дорухонаро ба ивази қарзҳои аз шахсони алоҳида номаълум бо кадом мақсад гирифтаашу ба куҷо сарф кардааш фурӯшад. Бо ин мақсад, соли 2015 бо супориши Зарина нозири минтақавии деҳаи Маҳрам маро ба ШВКД-и шаҳри Конибодом даъват намуд. Зарина аз набудани ман дар хона истифода карда, қулфи дарвозаро шикаста, биноро ба кормандони «Тоҷиксодиротбонк» нишон додааст. Бо роҳи забон ёфтан бо роҳбари бонк мехост биноро ба гарав монда, аз бонк пул қарз гирад, вале ман аз мақсади нопоки ӯ огоҳ шуда, садди роҳ гардидам. Аз ҳамон вақт инҷониб ӯ бо аҳли хонавода душман гардид ва ҳар замон бо таҳдиду зӯроварӣ мехоҳад, ки мо биноро холӣ кунем. Зеро ба қавли вай, бино ба номаш асту чӣ коре, ки хоҳад, мекунад. Вале мо дигар ҷойи рафтан надорем, зеро ҳавливу хонаву дарамонро фурӯхта, маблағашро ба сохтмони бинои дорухона харҷ кардем. Аз дигар тараф, чаро мо аз ин хона баромада мерафтаем? Охир, ин бино бо маблағи умумии аҳли хонавода бо мақсади тиҷорати оилавӣ сохта шудааст. Ҳама хешу ақрабо ва ҳамсояҳо ин ҳолатро тасдиқ мекунанд!
Муҳтарам Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, аз соли 2013 инҷониб 6 мурофиаи судиро пушти сар намудем. Дар ду мурофиаи он, ки дар шаҳри Конибодом баргузор гардид, ҳама аъзои оилаи Бойматовҳо истифодабарандагони баробарҳуқуқ эътироф гардиданд. Пас аз он Зарина ба суди вилоятӣ муроҷиат кард. Тибқи қарори ин зинаи судӣ низ бино боз моликияти оилавӣ эътироф гардид. Вале Бойматова Зарина боз бо қарори суди вилоятӣ розӣ нашуду бо аризаи шикоятӣ ба Суди Олии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Ӯ бо роҳи шиносбозӣ дар Суди Олӣ қарори Суди вилояти Суғдро бекор кард ва парвандаи оилавии мо барои аз сари нав баррасӣ кардан боз ба суди вилоятӣ фиристода шуд.
Ин навбат дар «маҷлиси ошкорои судӣ» 21-уми октябри соли 2016, дар шаҳри Хуҷанд, дар толори Суди вилояти Суғд, зани «ҳалиму меҳрубон» судя Мирзозода М. З. гӯё хатову иштибоҳҳои судяҳои қаблиро дар баррасии ин парванда пайдо карда, онро «ислоҳ» намуд. Яъне, тибқи ҳалномаи ин «хонуми босавод» мо бояд хонаро холӣ намоем ва «Аризаи даъвогии Бойматова Зарина Юлчибоева бо ҷавобгарии Бойматов Юлчибой, Бойматова Моҳиниссо, Бойматов Толиб, Бойматова Нигора  ва Бойматова Насиба дар бораи бартараф намудани монеагӣ бо роҳи кӯчонидан аз бинои дорухона қонеъ карда шавад».
Муҳтарам Пешвои миллат, ба гуфтани ин сухан забонам намегардад, зеро ман модарам, дилам ба фарзандам месӯзад, вале дигар илоҷ надорам. Духтарам ба гуруҳҳои ғайриқонунӣ шомил гардидааст. Чуноне ки ман медонам, ӯ аллакай 9 маротиба шавҳар карда ҷудо шудааст. Ӯ дигар муқаддасоти оиларо намедонад, бо одамони мансабдору пулдор робита дорад ва ба ҳар кор қодир аст. Тавре ки дар боло гуфтем, Зарина барои ба амал баровардани мақсадҳои худ аз ҳама роҳҳои ғайриқонунӣ - таҳдиду зӯроварӣ ва латукӯб истифода мекунад. Масалан, соли гузашта ҳангоми баҳси судӣ дар Суди шаҳри Конибодом Зарина ҳамроҳи як шиносаш ба утоқи кории ҳуқуқшиноси МИҲД Каримов Зафарҷон даромада, ба ӯ ва аҳли оилааш таҳдид намуда, талаб карданд, ки Каримов дар мурофиаи судӣ аз Зарина ҷонибдорӣ кунад ва моликияти умумии оила будани биноро рад намояд. Инчунин, амали ваҳшиёнае, ки духтарам Зарина рӯзи 4-уми ноябри соли равон нисбати ман раво дид, нобахшиданист. Ҳолати ин воқеаи мудҳиш чунин буд:
Ман пас аз гирифтани ҳалномаи судя Мирзозода М. З., судяи Суди вилояти Суғд оиди берун намудани аҳли оилаи мо аз бинои дорухона санаи 4-уми ноябри 2016  ҳамроҳи духтарам Бойматова Нигора бо мақсади ба Суди Олии Тоҷикистон аз болои қарори Суди вилояти Суғд бурдани шикоят ва қабули раиси Суди Олии кишвар муҳтарам Шоҳиён ба шаҳри Душанбе омадам. Пагоҳаш, ки шанбе ва рӯзи қабули раиси Суди Олӣ буд, ӯро пайдо накардам ва маро дигар намояндаи Суди Олӣ қабул намуд, ки ному насабашро муаррифӣ накард. Пас аз баёни мақсадам суханро дигар бо ман зиёд накарду гуфт, ки «ин кор дар «боло» ҳал шудааст, бинои дорухона аз они духтаратон аст» ва маро аз утоқ берун кард. Дар додгоҳ арзу доди маро нашуниданд, аризаи даъвогии маро низ дигар қабул накарданд. Гуфтанд, ки «кор ҳал шудааст, тамом».
Аз шумо хоҳиш менамоям, ин корманди Суди Олиро, ки рӯзи 5-уми ноябр дар қабулаш будам, муайян кунед.
Муҳтарам Пешвои миллат, дигар ба адолати судӣ боварам намондааст. Ҳамон рӯз, бегоҳ ману духтарам, пас аз «қабули» намояндаи Суди Олӣ ба Конибодом баргаштем. Зеро дар шаҳри Душанбе ягон сарпаноҳ, одами наздик ва пули зиёдатӣ низ барои меҳмонхона надоштем. Тақрибан соати 23:30 дақиқаи рӯзи 5-уми ноябр ба хонаамон, деҳаи Маҳрам расидем. Пеш аз ба хона даромадан ман хостам барои қазои ҳоҷат ба ҳоҷатхона, ки дар пушти бинои дорухона аст, равам. Духтарам Нигора бошад, ба хона даромадан хост. Ҳамин вақт дар қафоям ду марди ниқобпӯш пайдо шуданд. Якеаш сарамро дошта, ба девор якчанд маротиба зада, гулӯямро бо оҳани сахт пахш кард ва дукаса бо дасту пой ва оҳани дар дасти якеаш буда маро латукӯб карданд. Дар натиҷаи латукӯб ман аз ҳуш рафтам. Баъди ба ҳуш омадан худро дар шуъбаи осебшиносии беморхонаи марказии шаҳри Конибодом дарёфтам ва давоми ду ҳафта он ҷо бистарӣ шудам. Бояд бигӯям, ки ин ду нафар фиристодаҳои духтарам Зарина буданд. Зеро, ҳангоме ки сари маро ба девор мекӯфтанду пасон ба замин афтонда, лагадкӯб карданд, мегуфтанд: «Манзилро холӣ кун! Набошад, ҳамаатонро несту нобуд мекунем! Ту боз ба Душанбе арзкунӣ рафтӣ?! Ин бино аз они Зарина, Зарина ба ин ҷой хӯҷаин, шумоён бояд ин хонаро холӣ кунед!». Ин ҳолати латукӯби маро духтарам Нигора низ дид ва ҳаракат кард, ки монеъ шавад. Дар ҳамон ҳолат ба ӯ ҳам таҳдиди куштан карда, таъкид намуданд, ки зудтар хонаро холӣ кунем.
Кормандони милиса ва Прокуратураи шаҳри Конибодом пас аз ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд, вале бо гузашти зиёда аз як моҳ касеро боздошт накардаанд. Ҳарчанд мегӯям, ки ин кори дасти духтарам ҳаст, аммо то ҳанӯз ӯро пайдо накардаанд ва мегӯянд, ки «агар дар бораи ҷои истиқоматаш ягон маълумоте ёфтед, ба мо хабар диҳед». Ин магар беҳавсалагию бемасъулиятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон намедиҳад? Пас аз ин мо чӣ гуна ба ҳомии мардум будани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бовар намоем?
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, муроҷиати ман аз болои ҳаракатҳои роҳзанонаи ба ҳаёт ва саломатии ман расонидааш аз тарафи масъулини ШВКД дар шаҳри Конибодом пурра ва ҳаматарафа санҷида нашуда истодааст, зеро аз рӯзи ҳодиса (5-уми ноябр) зиёда аз як моҳ гузаштаасту ягон натиҷа нест. Ман оиди ин ҳодиса чанд маротиба шикоят навиштам, аммо ҳамаи муроҷиатҳои ман беҷавоб мондаанд. Ҳамин тавр, то имрӯз шахсони ҷиноят содирнамуда дар озодиянд ва боз кӣ медонад, аз беаҳамиятии кормандони милитсия истифода намуда, дар сар чӣ нақшаҳо доранд.
Муҳтарам Президент, намедонам дигар ба кӣ муроҷиат намоям. Аз кормандони милитсияи шаҳри Конибодом ва судяҳо ба монанди Мирзозода М. З. дилам сард гаштааст, зеро судя Мирзозода парвандаро яктарафа дида баромада, ба факту далел ва шоҳидоне, ки мо ба суд пешниҳод намуда будем, умуман аҳамият надод. Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки раванди санҷиши ҳодисаи расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии маро зери назорати қатъии худ қарор диҳед, то мушкилоти ман аз рӯи қонун дида баромада шавад. Итминони комил дорам, танҳо баъди супоришу дахолати Шумо шахсони ба ин амали ҷинояткорона даст доштани духтарам Зарина Бойматова ва шарикони ӯ ҳарчи зудтар ошкор карда шуда, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон