расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Филми коргардони тоҷик дар Ҷашнвораи Қазон мукофот гирифт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Филми коргардони тоҷик дар Ҷашнвораи Қазон мукофот гирифт


Филми ҳунарии кӯтоҳмуддати “Додаракаи фариштаҳои”-и коргардон Умедшо Мирзоширинов дар Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба мукофот сазовор дониста шуд. Филм ба ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳмуддат” шарафёб гардид.
Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонӣ дар Қазон аз 7 то 11 сентябри соли равон доир гардид.
Ҷашнвораи байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба охир расид. “Додараки фариштаҳо” дар номинатсияи филми ҳунарии кӯтоҳмуддат бо ҷоиза қадрдонӣ шуд. Изҳори миннатдорӣ ба ҳамаи он касоне, ки дар таҳияи он иштирок карданд”, - навиштааст Мирзоширинов дар саҳифаи худ дар Facebook.
Сюжети филми 26-дақиқагии “Додараки фариштаҳо” ба ҳикояи Сайф Раҳимзод асос ёфта, дар бораи писарчаи хурдсоли дорои иродаи қавӣ қисса мекунад, ки волидонашро беҳад дӯст медораду барояшон ба ҳар кор қодир аст.
Қобили зикр аст, ки Ҷашнвораи байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон аз соли 2005 дар Тотористон баргузор мешавад. Созмондиҳандагони чорабинӣ Вазорати фарҳанги Тотористон, шаҳрдории Қазон ва Шӯрои муфтиёти Русия мебошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.