«Turkmenistanairlines» ба Душанбе омад


Имрӯз бори нахуст ҳавопаймои ширкати  миллии  ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.

Бинобар иттилои  котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилали  Душанбе Ҷамила Ҳусейнова,   ҳавопаймои  «Боинг» -и ширкати «Turkmenistanairlines» дар хатсайри   Ашқобод –Душанбе –Ашқобод парвози  техникӣ -озмоишӣ анҷом дод. Ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии  «Turkmenistanairlines» беш аз 100 мусофирро, ки асосан аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон иборат аст, ба Душанбе овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати Туркманистонро роҳбарону намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута истиқбол гирифтанд. Интизор меравад, ки роҳбарону намояндагони идораҳои ҳавонавардии ду кишвар –Тоҷикистону Туркманистон имрӯз дар  Душанбе барои дар оянда  ба роҳ мондани парвозҳои мустақими доимӣ дар хатсайри Ашқобод –Душанбе-Ашқобод ва ё хатсайри транзитӣ –тавассути кишвари сеюм гуфтушунид анҷом диҳанд.

Ҳамзамон дар пойтахти Тоҷикистон 12 июн вохӯрии доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон доир гардида, дар он масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар баррасӣ мегарданд.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон