расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тирамоҳи гарм дар Тоҷикистон

Асосӣ / Ҷомеа

Тирамоҳи гарм дар Тоҷикистон

Рӯзҳои аввали фасли тирамоҳ обуҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ боз қариб мисли аввали тобистон гарм мешавад.

Ба ин тариқ, бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар даҳаи аввали моҳи сентябр дар шаҳру навоҳии кишвар ақрабаки ҳавосанҷ то 40 дараҷа гармӣ боло меравад.
Бахусус дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон ҳафтаи аввали моҳи сентябр ҳаво аз 36 то 40 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли Тоҷикистон ҳарорат то ба 37 дараҷа ва дар навоҳии тобеи марказ то 38 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар ин давра дар Душанбе ҳаво аз 36 то 38 дараҷа гарм шуда, имрӯз, 1 сентябр дар пойтахт 36 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Обуҳавои салқинтар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон - то 31 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳафтаи аввали моҳи сентябр дар кишвар боришот дар назар нест.

asia

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.