расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустии Тоҷикистон: «Истиқлолият ормони садсолаҳо дар қалб парваридаи миллати тоҷикро амалӣ намуд»

. / Ҷомеа

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустии Тоҷикистон: «Истиқлолият ормони садсолаҳо дар қалб парваридаи миллати тоҷикро амалӣ намуд»

Ҳанӯз 29 сол қабл, 9 сентябри соли 1991 мардуми тоҷик  Истиқлоли комили давлати ягонаи хешро ба даст овард. Аниқтараш, маҳз дар ин  рӯзармони садсолаҳо  дар қалб парваридаи миллати тоҷик, ки дар тӯли  зиёда аз ҳазор сол кӯшиши дубора бунёд намудани  давлати миллӣ ва ягонаро дошт, ҷомаи амал пӯшид. Маҳз дар ин  рӯз  миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик соҳиби давлати мустақили хеш гардид ва дар арсаи байналмилалӣ давлате  бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. 

Чунин нигоштааст Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА зимни як матлаб, ки ба сомонаи АМИТ «Ховар» расидааст.
Дар идомаи он омадааст: 

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли комили миллӣ  обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дар самти баррасӣ ва пешниҳоди
масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ фаъол  хеле боло рафт. Аз ҷумла, ташаббус ва иқдомҳои бузурги байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами умумимиллӣ, махсусан мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар як қатор минтақаҳои олам, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби аср, ба монанди терроризм ва экстремизим, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши одам ва дигар масъалаҳои муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамраъйии хешро пайдо намуданд.

Дарвоқеъ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият таҳти сарварии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққии мамлакат беназиранд.

Аз ин лиҳоз, мардуми сипосгузори тоҷик муборизаҳои ҷоннисорона ва хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон пос дошта, ин фарзанди фарзонаи миллатро  ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пешбарӣ карданд.
Он ҳама муваффақият ва дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 29 соли соҳибистиқлолии давлатӣ ба даст овардааст,  маҳз самараи талошҳои хастагинопазир ва меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Як нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат ба таври бесобиқа рушд намуда, ба дастовардҳои бузург ноил гардид.

Ҳифзи солимии аҳолии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат як қатор барномаву стратегия ва дигар санадҳои муҳим қабул ва амалӣ гардида истодаанд.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар замони истиқлоли давлатӣ 1258 муассисаи нав ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Мояи сарфарозист, ки имрӯзҳо  ворисони Синои бузург дар пайравӣ ба сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистон саҳми намоён гузошта истодаанд.

Ҳамзамон ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ки қаблан шаҳрвандони мамлакат барои анҷом додани онҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамуданд, аз дастовардҳои назарраси соҳаи тандурустии кишвар ба шумор меравад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб дар муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад, ки ин албатта, аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Самти тарбияи кадрҳо ва бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти вазорат қарор дорад.

Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Барномаи тайёр намудани кадрҳо барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он дар таҳрири нав бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Яке аз масъалаҳои мубраме, ки  айни ҳол соҳаи тандурустии  аксар кишварҳои оламро ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ намуда истодааст,

паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз замони дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифтани ин беморӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷиҳати пешгирии интиқоли ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуданд.
Натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ буд, ки бемории коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  назар ба кишварҳои ҳамсоя дертар ба қайд гирифта шуд.

Мутаассифона, новобаста аз тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат 30 апрели соли равон аввалин маротиба сирояти коронавируси нави COVID-19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ 23 январи соли 2020 Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сироятҳои вирусӣ таъсис дода шуда, 24 январи соли 2020 Нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 январи соли 2020 “Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардиданд.

Хушбахтона, маҳз дар натиҷаи талошҳои хастанопазири табибони мамлакат имрӯзҳо шиддати бемории COVID-19 дар Тоҷикистон коҳиш ёфта истодааст. Вале, новобаста ба ин, барои пурра аз байн бурдани ин беморӣ табибонро лозим аст, ки  боз ҳам софдилона ва содиқона муборизаро бар зидди ин беморӣ идома бидиҳем.

Воқеан, табибони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба ҳайси як лашкари бузург бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати табибонро барои мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 қадр менамояд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо Амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд. Инчунин бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, то ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст. Илова бар ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

Ҳамзамон 18 августи соли равон  бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти фидокорона, эҳсону шафқат, муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расонидани ёрии тиббӣ» ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат  мукофотҳои давлатӣ — Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени Шараф, дараҷаи I, 3 ордени Шараф, дараҷаи II, 27 Медали «Хизмати шоиста», 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мо, кормандони соҳаи тандурустии мамлакат минбаъд низ баҳри иҷрои вазифаҳои худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ ва  ташкили самарабахши хизматрасонии тиббӣ бо масъулияти баланд фаъолият намуда, баҳри бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.