расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷаримаи як сокини Ҷомӣ барои таълимоти ғайриқонунии динӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҷаримаи як сокини Ҷомӣ барои таълимоти ғайриқонунии динӣ


Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмадулло Абидзода, як сокини ин ноҳияро барои таълимоти ғайриқонунии динӣ 640 сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки  Насриддин Ҳалимов, сокини дигари ин ноҳия барои риоя накардани қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд 192 сомонӣ ҷарима шудааст.
Гуфта мешавад, ки Ҳалимов, фарзандони ноболиғи худ Ҳалимов Абдураҳими 11 сола ва Ҳалимов Абдукарими 9-соларо барои таълимоти ғайриқонунии динӣ дар назди Абидзода иҷозат додааст.
“Бо қарори суди ноҳияи А.Ҷомӣ, аз 14.02.2022 нисбати Ҳалимов Н.Д. ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 192 сомонӣ ва нисбати Абидзода М.А. 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 640 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст”, - омадааст дар хабари додситонӣ.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйирот ворид гардид, ки тибқи он таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, танҳо ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ ва волидайн вогузор шуд.
Он замон  беш аз 20 мадрасаи динӣ дар кишвар баста шуда, ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо дини ислом тадрис намешавад.
Мақомот ҳар сол чанд рӯҳониро ба таъсиси мадрасаҳои ғайриқонунӣ ва таълими ғайриқонунии динӣ боздошт ва муҷозот мекунанд.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20220805/arimai-yak-sokini-om-baroi-talimoti-airionunii-din

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.