расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Абдурозиқ бо Салмон Хон дар як филми Болливуд нақш бозӣ мекунад

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Абдурозиқ бо Салмон Хон дар як филми Болливуд нақш бозӣ мекунад

Овозхон ва блогери тоҷик Абдурозиқ, ки ӯро инчунин хурдҷуссатарин овозхон дар ҷаҳон ҳам муаррифӣ мекунанд, ба навиштаи як нашрияи покистонӣ, барои нақшофарӣ дар филми Болливуд даъват шудааст.

Daily Pakistan рӯзи 3-юми август гуфт, ки Абдурозиқи 18-сола дар як филм бо ситораи ҳиндӣ Салмон Хон нақш бозӣ мекунад ва намоишномае, ки номи шартиаш “Бародар” аст, соли оянда дар пардаи синамо пайдо мешавад.
То ҳол ҳунарманди худрӯ Абдурозиқ, ки бештар дар хориҷа ба сар мебарад, асосан дар клипҳои мусиқии ситораҳои ҳунар иштирок кардааст ва бозӣ дар филм аввалин таҷрибаи ӯ мешавад.
Филме, ки наворгириаш моҳи июн дар як деҳаи Мумбай шурӯъ шуд, аз ҷониби коргардони ҳиндӣ Фарҳод Самҷӣ бардошта мешавад.

ozodi

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.