расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Раҳмон ба тамрингоҳи ҳарбии Фахробод рафт

. / Президент

Раҳмон ба тамрингоҳи ҳарбии Фахробод рафт

Сарвари давлат ба тамрингоҳи ҳарбии ҷанубӣ, воқеъ дар ҳудуди вилояти Хатлон рафта, кори Бригадаи десантии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тафтиш кард

Президенти Тоҷикистон, Фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ба тамрингоҳи низомии вилояти Хатлон рафт.
Ӯ дар таҷлили 25-умин солгарди таъсиси бригадаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ширкат варзида ва шахсан низомиёнро бо Рӯзи Қӯшунҳои десантии ҳавоӣ дар тамрингоҳи Фахробод табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Раҳмонро раҳбари Вазорати дифоъ генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 август зимни ширкат дар маросими 25-солагии таъсиси бригадаи десантчиёни Тоҷикистон нақши низомиёни ин навъи қувваҳои мусаллаҳро дар таъмини амнияти шаҳрвандон ситоиш кард.
Президент, ки дар таҷлили Рӯзи десантчиёни тоҷик ва дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод воқеъ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ширкат мекард, гуфт, “вазъи ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму экстремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ” аз хизматчиёни ҳарбӣ тақозо мекунад, ки дар сатҳи омодабоши ҷангӣ қарор дошта бошанд.
Президент ва ҳайати ҳукуматӣ имрӯз инчунин бо шароити хидмати десантчиён, таъминоти онҳо бо муҳимоти низомӣ ва ҳам шароити маишии онҳо шинос шуд.


Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.