расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз 3 млрд доллар зиёд шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз 3 млрд доллар зиёд шуд


Қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали нимсолаи соли равон 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август сардори раёсати молиявии ширкат Рустам Маҷидзода.
Ӯ зикр кард, ки ширкат аз НБО “Сангтӯда-2” - 2,8 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-1” - 2,4 млрд сомонӣ, “Ориёнбонк” - 2 млрд сомонӣ ва Вазорати молия (ҳукумат) - 23,6 млрд сомонӣ қарздор аст.Қарз дар назди Вазорати молия аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика ба вуҷуд омадааст. Барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои гуногун қарзҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогона ҷалб шуданд. Бо истифода аз ин қарзҳо неругоҳҳои барқи обӣ таъмиру навсозӣ гардида, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо, инчунин дигар иншооти зербиноӣ сохта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, қарзи дебитории ширкат (қарзҳои дигарон аз худи ширкат) ба ҳолати 1 июли ҳамин сол зиёда аз 3,4 млрд сомониро ташкил додааст, аз ҷумла аҳолӣ барои истифодаи барқ 1,3 млрд сомонӣ қарздор шудааст.
Қобили зикр аст, ки байни ҳамаи корхонаҳои кишвар “Барқи тоҷик” аз ҳама зиёдтар қарз дорад. Қарзи кредитории ширкат (қарзи ширкат аз дигарон) ба аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.
Яке аз далелҳои вазъияти душвори молиявии худро ширкат чунин маънидод мекунад, ки таърифаҳо (тарифҳо) ба барқ паст аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.