расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷавони тоҷик дар Русия духтари дӯстдоштаашро кордборон карду...

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Ҷавони тоҷик дар Русия духтари дӯстдоштаашро кордборон карду...

Бузургре фармудааст: “Ишқ оташ аст, агар набошад, хона сару торик мемонад, вале агар ноҷо биафтад, хонаву хонумон ҳамаро месӯзонад!” Ҳодисаи ваҳшатбори шаби гузашта дар шаҳри Новосибирск рӯй дода делели равшани ин гуфтаҳост...

Як ҷавони тоҷик бо лақаби Рома Ҳамроев (дар асл Хушнуд Ҳамроев) духтари дӯстдоштаашро дар шаҳри Новосибирски Русия ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст. 

Тавре ки манбаъҳои интернетӣ менависанд, ҷавони тоҷик 27-сол доштааст, духтари дӯстдоштааш бошад, 17-сола ва мактабхон буда, дар шаҳри Бердск, ки бо Новосибирс ҳамсоя аст, зиндагӣ мекардааст. Сабаби моҷарои тоҷикбача бо маҳбубаи русаш маълум нест, вале худи ҳодисаи даҳшатбор ҳамагӣ 16 километр дуртар аз шаҳри Бердск, дар кӯчаи Лесосечнаяи маҳаллаи Нежная Елтовская рӯй додааст.

Ду ронанда, ки ҳамон лаҳзаҳо аз роҳ мегузаштаанд, шоҳиди ин ҳодисаи даҳшатнок гашта бошанд ҳам, аз тарси ҷони худ ба имдоди ҷабрдида нарафтаанд, вале куштори ваҳшиёнаи ин духтари 17-солаи русро ба дасти ошиқаш дар видеорегистратори мошинҳояшон сабт кардаанд.

Дар навор дида мешавад, ки чи тавр ҷавон бо чашмони хунгирифта духтаракро дар рӯйи роҳ бераҳмона кордборон мекунад ва ҳатто баъди ба замин афтоданаш низ ба ӯ заррае раҳм накарда, пай дар пай ба баданаш корд задан мегирад. Танҳо баъди тамом шудани кори духтар вай кордро партофта, ба ҷангал мегурезад... 

Пас аз фирори Маҷнуни қотил ронандагон ба имдоди духтар медаванд, вале аллакай кор аз кор гузашта, духтарак бар асари зарбаҳои корд мурда буд... Ронандагон ба пулис ва “Ёрии таъҷилӣ”занг зада, онҳоро аз сар зудани ин ҳодисаи ваҳшатнок хабардор намудаанд.

Ташхис дар бадани духтар 15 захми кордро муайян намудааст. Ҷавони тоҷик гӯё қабл аз куштор ба духтар гуфтааст, ки “Ё аз ман мешавӣ ё аз ҳеҷ кас!” 


 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.