расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Агентӣ: Нафақаи миёна на 1,7 сомонӣ, балки 28,62 сомонӣ зиёд шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа

Агентӣ: Нафақаи миёна на 1,7 сомонӣ, балки 28,62 сомонӣ зиёд шуд


Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълумот медиҳад, ки дар 6 моҳи соли равон нафақаи миёна дар Тоҷикистон ба андозаи на 1,7 сомонӣ тавре ки пештар хабар дода шуд, балки 28,62 сомонӣ зиёд шудааст.
“Гап сари он аст, ки ҳангоми чопи варқаи иттилоотӣ хатои техникӣ рафтааст. Аз ин рӯ, Агентӣ маъзарат хоста, дар ин бора маълумоти дақиқ пешниҳод мекунад: соли гузашта андозаи нафақаи миёна дар Тоҷикистон 320 сомониву 40 дирам ва дар соли равон 348 сомониву 96 дирамро ташкил медиҳад”, - изҳор намуданд дар Агентӣ.
ар Агентӣ зикр карданд, ки дигар рақамҳои дар маълумот зикршуда дурустанд.
Бино ба маълумоти Агентӣ, айни замон ҳаҷми нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ тариқи зайл аст:
- дар Душанбе - 429, 15 сомонӣ;
- дар ВМКБ – 406,93 сомонӣ;,
- дар Хатлон - 313,19 сомонӣ;
- дар Суғд - 303,21 сомонӣ;
- дар Ноҳияҳои тобеи марказ - 299,57 сомонӣ.
Дар нишасти матбуотии Агентӣ зикр шуд, ки шумори нафақахӯрон то 1 июл ба 761 ҳазору 312 нафар расида, барои пардохти нафақа давлат ҳар моҳ 253,3 млн сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 2,4% ё худ 5,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.