расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Пешниҳоди ҷазо барои навори "сарбозшикор". Ҳадаф чист? ВИДЕО

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Пешниҳоди ҷазо барои навори "сарбозшикор". Ҳадаф чист? ВИДЕО

Ҳуқуқдон Музаффар Бобоҷонов мегӯяд, "ин як намуди маҳдудият барои ошкор намудани камбудҳо дар артиш аст." Ба қавли ӯ, "агар ин пешниҳод қабул шавад, он гоҳ дасти афроде, ки артишро бо “облава” пур мекунанд, дарозтар мешавад."

"Қонун шояд як муддат пахши чунин хабарҳоро дар расонаҳо камтар кунад, аммо овозаро дар шабакаҳои иҷтимоиро бештар мекунад.

Пинҳонкорӣ бештар мешавад. Одамон бо ному насаби дигар чунин хабарҳоро нашру паҳн мекунанд," – шарҳ дод Муаззама Қодирова, ҳуқуқшиноси тоҷик.

Дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ ҷавонони аз ҳаждаҳсола то 27-соларо ба артиш мебаранд. Сокинон мегӯянд, ба сабаби вазъи бад ва зарбу лат дар қисмҳои низомӣ аз фиристодани фарзандон худдорӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, бараъкс, вазъ беҳтар шуда, сафи ихтиёриён афзудааст.


Сарчашма:озоди

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.