Хонаводаи муҳоҷирон дар Тоҷикистон танбал шудаанд? ВИДЕО
Бино ба гузоришҳои гуногун, муҳоҷирати корӣ бо вуҷуди кумак ба хонаводаҳо ва пешрафти иқтисоди кишварҳои муҳоҷирфирист, як оқибати баде ҳам дорад ва он ҳам дастнигар ва ҳатто танбал шудани оилаҳо дар ватан аст.Оё дар Тоҷикистон ҳам ин воқеият ҳаст, ки зану фарзанду волидони муҳоҷире, ки дар Русия кор мекунад, фақати пули фиристодаро мегиранду дигар ҳеч кор намекунанд ё худашон ҳам саҳме дар пешрафти иқтисоду вазъи иқтисодии оила мегузоранд? Дар ин бора бо Диана Ибанез Тирадо, мардумшинос ва пажуҳишгари масъалаи муҳоҷират аз Лондон, ки борҳо ба Тоҷикистон рафтааст ва ин масъаларо омӯхтааст, суҳбат кардем.
“Интизорӣ ҳам кор аст”
Радиои Озодӣ: Дар таҳқиқе, ки дар бораи зиндагии оилаҳои муҳоҷирон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо номи “Нишастан ва интизор шудан” доштед, мегӯед, ин хонаводаҳо бекор намешинанд ва ба навъе дар буҷаи хонавода ва ҷомеаи худашон саҳм мегузоранд. Ҳамин гуфтаи худро бештар шарҳ медодед.Ибанез Тирадо: “Ташаккур. Мо муҳоҷиронро чунин тасвир мекунем, ки фақат онҳо мераванду кор мекунанд ва онҳое, ки дар деҳаву шаҳр дар Тоҷикистон мемонанд, мунтазир мешинанд. Мунтазир монданро, умдатан бекор нишастан мешуморанд, вале интизорӣ, ҳеч гоҳ маънии ғайрифаъол буданро надорад. Масалан, мо барои қабули табиб, барои мусоҳиба интизор мешавем, вале ором наменишинем, телефонамонро тафтиш мекунем, иттилоъ мегирем, бо одамон гап мезанем. Ончӣ, ки дар Тоҷикистон дидам, ин аст, ки онҳое, ки дар дохил мемонанд ва мунтазири бозгашти муҳоҷирон мешаванд, бекор наменишинанд. Зиндагиашонро идома медиҳанд, масалан, кӯдакро нигоҳубин мекунанд, хонаро пок мекунанд, мепазанд, об мекашанд. Барои кори хона соатҳои бисёр зиёд зарур аст. Танҳо мо солҳои охир дарк кардем, ки қадри онҳоеро намедонем, ки кори хона мекунанд. Таҳқиқоти ахир нишон додааст, ки нигоҳубини хона, инсондӯстӣ, ғамхориву эҳсос ва дар Тоҷикистон меҳмоннавозӣ чӣ қадар барои дарки иқтисод ва судманд будани инсон муҳим аст. Аз ин рӯ, вақте мардум мунтазири бозгашти муҳоҷирон ҳастанд, хона покиза мекунанд, мепазанд, меҳмонону ҳамсоягонро пазироӣ мекунанд ва бекор намешинанд, зиндагӣ месозанд ва ҳалқаи иртиботӣ меофаранд, ки барои ёфтани ҷойи кор, издивоҷ ва идомаи зиндагии ҷомеа муҳим аст.”
Радиои Озодӣ: Чаро бо вуҷуди онки баъзе аз онҳо аз субҳ то шом дар хона ва ё дар киштзорҳо кор мекунанд, мегӯянд, ки бекор мешинанду интизор мешаванд?
Ибанез Тирадо: “Ба назари ман, одатан корҳое ба мисли кӯдакдорӣ, парвариши тифлу нигоҳубини онҳо, ёрӣ ба кӯдакон дар иҷрои вазифаи хонагӣ, пухтан, пазироии меҳмон ба маънии том кор ва ё кори судманд ба ҳисоб намеравад. Яъне, ин корҳо фақат дар хона анҷом мешаванд ва пул намеоранд. Одатан дар Тоҷикистон кор дар корхона ва ё ҷое, ки маош дорад, кори бештар судманд ба ҳисоб меравад, вале таҳқиқот дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он нишон додаанд, ки бидуни кори хона, кори иҷтимоӣ, меҳмондорӣ ва ё иртиботи иҷтимоӣ пешбурди зиндагии ҷомеа имконнопазир аст. Дар Тоҷикистон алоқаҳои хешовандӣ, васеъ кардани онҳо ва аз тариқи хешу табор пайдо кардани ҷойи кор муҳим аст. Бидуни кори хона ин ҳама номумкин аст, вале бо вуҷуди ин кори хонаро коре ҳисоб намекунанд, ки пул биёрад ва музд дошта бошад.”
Ибанез Тирадо: “Ташаккур. Мо муҳоҷиронро чунин тасвир мекунем, ки фақат онҳо мераванду кор мекунанд ва онҳое, ки дар деҳаву шаҳр дар Тоҷикистон мемонанд, мунтазир мешинанд. Мунтазир монданро, умдатан бекор нишастан мешуморанд, вале интизорӣ, ҳеч гоҳ маънии ғайрифаъол буданро надорад. Масалан, мо барои қабули табиб, барои мусоҳиба интизор мешавем, вале ором наменишинем, телефонамонро тафтиш мекунем, иттилоъ мегирем, бо одамон гап мезанем. Ончӣ, ки дар Тоҷикистон дидам, ин аст, ки онҳое, ки дар дохил мемонанд ва мунтазири бозгашти муҳоҷирон мешаванд, бекор наменишинанд. Зиндагиашонро идома медиҳанд, масалан, кӯдакро нигоҳубин мекунанд, хонаро пок мекунанд, мепазанд, об мекашанд. Барои кори хона соатҳои бисёр зиёд зарур аст. Танҳо мо солҳои охир дарк кардем, ки қадри онҳоеро намедонем, ки кори хона мекунанд. Таҳқиқоти ахир нишон додааст, ки нигоҳубини хона, инсондӯстӣ, ғамхориву эҳсос ва дар Тоҷикистон меҳмоннавозӣ чӣ қадар барои дарки иқтисод ва судманд будани инсон муҳим аст. Аз ин рӯ, вақте мардум мунтазири бозгашти муҳоҷирон ҳастанд, хона покиза мекунанд, мепазанд, меҳмонону ҳамсоягонро пазироӣ мекунанд ва бекор намешинанд, зиндагӣ месозанд ва ҳалқаи иртиботӣ меофаранд, ки барои ёфтани ҷойи кор, издивоҷ ва идомаи зиндагии ҷомеа муҳим аст.”

Сарчашма:озоди