расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Авҷи бемории вабо дар Афғонистон: дар ду рӯз 120 бемор

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Авҷи бемории вабо дар Афғонистон: дар ду рӯз 120 бемор

Мақомоти вилояти Ҳилманди Афғонистон аз 120 ҳолати нави беморшавӣ ба вабо дар ду рӯзи ахир хабар доданд.

Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба "TOLO News" иттилоъ дод.

Ҳамаи ҳолатҳои гирифторӣ ба вабо то кунун дар вулусволии Багром ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи хабарҳо аллакай чандин бемор ҷон аз даст доданд ва миёни онҳо кӯдакон низ буданд. Вале Вазорати беҳдошти Афғонистон расман фавт аз бемории ваборо тасдиқ ва рад накардааст.

Вабо як бемории шадиди сироятӣ мебошад, ки организми инсонро аз об хушк ммекунад. Давраи инкубатсионии беморӣ аз якчанд соат то панҷ рӯзро дарбар мегирад.

Барангезандаи бемории вабо ба организми инсон тавассути истифодаи ғизо ва оби олуда ворид мешавад. Сироят инчунин метавонад ҳангоми шиноварӣ дар обанборҳо ва нӯшидани оби нӯшокӣ аз манбаъҳои оби кушод рух диҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон алъон бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун низ роҳ ёфтааст. Ин маризир ба вилояти Нимрӯзи Афғонистон ду ҷавон аз Эрон оварданд.

Бемории обчакони ҳамдуна ё обилаи маймун низяк маризии нодирест, ки одамонро сироят мекунад. Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.


Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад. Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.