расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Қурбонии иҷоранишин қабул мешавад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Қурбонии иҷоранишин қабул мешавад?

 Иди Қурбон дар даҳаи дуюми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил када мешавад, ки яке аз рукнҳои асосии он қурбонӣ кардан мебошад.

Қурбонӣ яке аз шиорҳои ислом ва ибодати муҳим маҳсуб ёфта, таърихи пайдоиши он ба замони Одам (а) рост меояд. Аз замони Одам (а) то Иброҳим (а) қурбонӣ шартҳои хоси худро доштааст.

Қабл аз замони ҳазрати Иброҳим ва Исмоил низ қурбонӣ мекарданд, вале наметавонистанд аз гӯшти он бихӯранд ва мунтазир мешуданд, то оташе аз осмон фуруд меомад ва онро месӯхт.

Хонандагони сомона дар бораи шартҳои қурбонӣ ва забҳи мол пайваста мепурсанд. Аз ҳамин хотир барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мо бо эмомхатиби масҷиди марказӣ Хушмаҳмад Муҳиддинов суҳбати ҷолиби оростем, ки фишурдааш манзури хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ мегардад.

-Қурбонӣ кардан ба киҳо воҷиб аст? -Танҳо мардони бою бадавлат қурбонӣ мекунанд ё занҳои сарватманд низ бояд молеро забҳ намуда, қурбонӣ кунанд? -Моли қурбонӣ бояд чи гуна бошад? -Барои қурбонӣ гӯсфанд беҳтар аст ё буз? -Одаме, ки хона надорад ва иҷора мешинад, қурбонӣ карданаш равост? Ба ин ва дигар саволҳои муҳим дар боби қурбонӣ шумо метавонед аз суҳбати мо бо домулло Хушмаҳмад Муҳиддинов ҷавобҳои дақиқ пайдо намоед. 

Сарчашма:​оила тҷ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.