расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дабири кулли нави Федератсияи футболи Тоҷикистон кист?

АХБОРИ ОҶИЛ / Варзиш

Дабири кулли нави Федератсияи футболи Тоҷикистон кист?

Фурқатҷон Ахмедҷонов, дабири кулли ФФТ таъйин шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, Фурқатҷон Ахмедҷоновдар дар ин вазифа ба ҷойи Давлматманд Исломов, ки ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи дабири кулли ФФТ рафт, таъйин шудааст.

“Дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Давлматманд Исломов бо сабаби ба кори дигар гузаштан вазифаи дабири кулли ФФТ-ро тарк кард”, - хабар додааст манбаъ.

Қайд карда шудааст, ки роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Давлатманд Исломов изҳори сипос намуда, ба ӯ дар вазифаи наваш дар сохтори ФФТ комёбӣ таманно кардааст

Бояд гуфт, ки Фурқат Ахмедҷонов, қаблан роҳбарии Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзали Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишиест, ки футболи Тоҷикистонро идора ва назорат мекунад.

ФФТ тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, дастаи мунтахаби миллии олимпӣ ва футзалу футболи занонаи Тоҷикистонро ташкил намуда, нигаҳбонӣ мекунад ва иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ таъмин менамояд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.