Дилшод Назаров дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ медоли нуқра ба даст овард,


Варзишкор гурзро ба масофаи 77 метру 11 сантиметр партофта, соҳиби мақоми дувум ва медоли нуқра гардидааст

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Варзишкори маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон мақоми дувумро ба даст оварда медоли нуқраро ба гардан овехт. Чуноне ки раҳбари бахши таҳлилу иттилоъоти Кумитаи олимпии миллии Тоҷикистон Умаралии Сафаралӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, варзишкор гурзро ба  масофаи 77 метру 11 сантиметр ҳаво дода аст. Тибқи иттилои манбаъ, дар ин сабқат медали тиллоро варзишкори лаҳистонӣ Павел Фаҷдек бо натиҷаи 82 метру 31 сантиметр ба даст овардааст. Ник Миллер аз Бритониё бо партофтани гурз ба масофаи 76 метру 81 сантиметр ҷойи севумро гирифтааст. Тавре Умаралии Сафаралӣ қайд кард, ҳоло Дилшод Назаров дар Олмон қарор дорад ва шояд барои омодаги ба Чемпионати ҷаҳон, ки дар Лондон баргузор мешавад, ба Чехия сафар кунад ва то моҳи август дар он ҷо монад. Бисёре аз мураббиёни қаҳрамони олимпии тоҷик Дилшод Назаров дар Чехия қарор доранд, афзуд манбаъ.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон