расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » РАҲИМИ ҒАРМӢ БОЗ БА ЯК ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИК ХОНА ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

РАҲИМИ ҒАРМӢ БОЗ БА ЯК ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИК ХОНА ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Гулбаҳор Ғаффорова, ширинкори шинохтаи тоҷик, ки чанде пеш дар барномаи “Ногуфтаҳо” дар канали Орзу Исоев аз то ҳол бехона буданаш шикоят карда буд, рӯзи 22 июн дар як паёми нав, ки низ аз тариқи канали Орзу Исоев нашр шуд, хушхабар дод, ки мушкили бехонагияш билохира ва ба сурати муъҷизавор ҳал шуд, чунки соҳибкори маъруфи дастбахайр Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, барояш хона туҳфа кардааст.

Дар як ҳафтаи охир Гулбаҳор Ғаффорова алакай дуюмин ҳунарпешаи тоҷик аст, ки Раҳими Ғармӣ соҳиби хона мекунад. Рӯзи 15 июн Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, асосгузори студияи “Ғарибшо компания” ҳам хабар дод, ки Раҳими Ғармӣ барои ӯ ба 60 ҳазор доллар хона харидааст.
Гулбаҳор Ғаффорова, ки асосан тавассути студияи “Хандинкамон” шуҳрат ёфтааст, дар ин паёмаш гуфт: “Агар гӯям, ки ман имрӯз хурсандтарин одам дар рӯи тамоми ҷаҳонам, хато намекунам. Чунки мушкили бехонагии ман баъди 25 солу азобу машаққаташ пушти сар шуд. Ташаккур ба муҳоҷирон барои дастгириашон. Маҳз дуоҳои шумо, дуоҳои падару модарам, ки мегуфтед, “Илоҳим, хонадор шавӣ” сабаб шуду кори ман ҳал шуд. Вақте дар ҳисобам баъди муроҷиат ба мардум 11 ҳазор ҷамъ шуд, ки ман бо он хона харида наметавонистам, ман каме зиқ шудам. Вале Раҳими Ғармӣ, ин соҳибкори дар ҳақиқат ободкору ватандӯст, ки дасти кумакаш ба ҳама мерасад, баъди ҳамагӣ як тамоси телефонӣ ба ман гуфт, ки “зиқ нашавед, апаҷон, мушкили шумо ҳал шуд. Шумо алакай соҳиби хона ҳастед! Боварам наомаду гашта пурсидам, ки магар ҳамин хел мешавад? Гуфт, тамом, баъди ду рӯз соҳиби хона мешавед! Ва ҳамин хел ҳам шуд!”
Гулбаҳор Ғаффорова вақте ин хабарро мегуфт, беихтиёр аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Вале  ин бор ин ашк ашки шодӣ буд.Шодӣ аз соҳиби хона шудан баъди 25 соли бехонагӣ.
Худованд ҳамаи бехонагонро соҳиби хона гардонад!


Гулбаҳор Ғаффорова дар бораи бехонагиаш ҳанӯз якуним сол пеш дар барномаи Орзу Исоев шикоят карда буд. 

Тавре қаблан хабар дода будем, ҳамагӣ як рӯз баъди муроҷиати ширинкори шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, ки аз бехонагӣ шикоят кард, соҳибкори маъруфи дастбахайр Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, мушкили ин ҳунармандро ҳал кардааст.
Дар як паёми нав, ки рӯзи 15 июн боз ҳам дар канали Орзу Исоев нашр шуд, Ғарибшо эълон кард, ки “мушкили сисолаи ман дар байни ҳамагӣ як рӯз ба таври мӯъҷизавӣ ҳал шуд! Бо шарофати дӯст ва бародарони дастбахайри мо Раҳими Ғармӣ!”
Ғарибшо гуфт, баъди тамом шудани таҳияи аснод дар рӯзҳои наздик видеои маросими калидсупориро аз як тарабхонаи машҳур ба намоиш хоҳад гузошт.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.