расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Донишмандон оқибатҳои баду дарозмуддати СОVID-19-ро меомӯзанд. ВИДЕО

Ҷомеа / Ҷаҳон

Донишмандон оқибатҳои баду дарозмуддати СОVID-19-ро меомӯзанд. ВИДЕО

Муҳаққиқон дар Лондон ҳоло саргарми таҳқиқи оқибатҳои бемории СОVID-19 ҳастанд, ки барои дарозмуддат ба сиҳатии мубталоёни он латма мезанад. Хастагии фавқулода, гарангӣ, дарди мушакҳо, варами буғумҳо аз оқибатҳои дарозмуддати гирифторӣ ба СОVID-19 будаанд.
То моҳи март Фелисити Каллард тандурусту қавӣ буд. Баъд аз чанд моҳи сирояти COVID-19, ҳоло ин профессори 49-солаи бритониёӣ мегӯяд, хаставу заиф ва ҳаросон аст.
"Ман чанд ҳафта бемор будам. Дардҳои сахте доштам, ки аз бистар бархоста, ё аз зинаҳо боло рафта наметавонистам. Пас аз чанд ҳафта ҳолам беҳтар шуд. Фикр кардам, баъд он рӯзҳои сахт дигар ҳама хуб мешавад, вале дар ҳақиқат дар моҳи дувум ҳама чиз бадтар шуд", -- нақл кард ӯ ба “Рейтерс”.
Каллард яке аз ҳазорон нафаре дар ҷаҳон аст, ки доир ба оқибатҳои дарозмуддати COVID-19 шикоят мекунанд. Баъзеҳо барои тасвири аҳволашон худро асири COVID-19 ва дигарон COVID-и давомдор номидаанд.
Ӯ мегӯяд: “Ҳамингуна дар моҳи дувум дар шуъбаи бемориҳои ёрии таъҷилӣ афтодам. Дарди фавқулодаи шикам, буғумдард ва сардарди сахт доштам. Дастонам аз боло ба поин месӯхт. Ин дардҳо меомаданду мерафтанд. Бо гузашти панҷуним моҳ ҳоло ҳам воқеан худро аз назари ҷисмониву равонӣ бисёр бад ҳис мекунам.”
Маълумоти замимаи телефонии Коллеҷи салтанатии Лондон нишон медиҳад, ки 10 дар сади онҳое, ки COVID-19 шудаанд, се ҳафта баъд ҳам худро бемор эҳсос мекунанд. Бештар аз 5 дар сад моҳҳо сусту заиф будаанд ва аз назари равонӣ ҳам азоб мекашидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.