расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Макрон гуфт, Украина бояд бо Русия музокира кунад

Асосӣ / Президент / Сиёсат / Ҷаҳон

Макрон гуфт, Украина бояд бо Русия музокира кунад

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, мақомоти Украина пас аз барқарории оташбас бояд бо Русия музокира кунанд.

"Рӯзе мерасад, ки мо ба Украина барои зинда мондан кӯмак хоҳем кард <...>, вақте оташбас муқаррар мешавад, мо бояд музокиротро оғоз кунем. Раисиҷумҳури Украина ва аъзои ҳукумат бояд бо Русия музокира кунанд", - гуфт Макрон.

Ӯ ин нуктаро зимни як конфронси матбуотӣ пас аз мулоқот бо президенти Руминия Клаус Иоганнис изҳор дошт.

Раҳбари Фаронса таъкид кард, ки дар ин рӯз аврупоиҳо низ дар сари мизи ин музокираҳо хоҳанд нишаст, то ба унвони кафили амният амал кунанд.

Макрон рӯзи сешанбе вориди Руминия шуд, то бо нерӯҳои фаронсавии мустақар дар ин кишвар дар чаҳорчӯби миссияи НАТО мулоқот кунад.

Ӯ ҳамзамонгуфт, ба Владимир Зеленский изҳор доштааст, ки аврупоиҳо як қитъаи муштарак доранд, Русия чун қудрати қавӣ як қисми он буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Қаблан Юрий Ушаков ёвари раисиҷумҳури Русия гуфта буд, ки музокироти Русия ва Украина ба бунбаст расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз интиқоли тарҳҳои созишномаҳо аз ҷониби Маскав ҳеҷ пешравӣ мушоҳида нашудааст.

Вай ёдовар шуд, ки охирин мулоқоти рӯбарӯи намояндагони Русия ва Украина дар Истамбул баргузор шуд.

Қабл аз ин, котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар бораи шароити мулоқоти ду президент ҳарф зад. Ба гуфтаи ӯ, мулоқоти сарони кишварҳо танҳо барои анҷоми як санади ниҳоӣ имконпазир аст.



Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.